Изҳороти шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқ нисбати макру дурӯғҳои Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Мо кормандони шуъба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст. Чунончӣ, Кабирӣ имрӯз аз хориҷа истода тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ худро “сиёсатмадор” шуморида, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳад ва мехоҳад, ки бо воситаи афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, бо макру дурӯғгӯиаш чун солҳои 90-уми асри гузашта ҷавонони ноогоҳро фирефта намуда, ба муқобили ватану миллати мо барангезонидан кӯшишип беҳуда намуда истодааст. Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои аврупоӣ наҳзатро “мусичаи бегуноҳ” ва ё як ташкилоти мардумӣ ва демократӣ вонамуд карда, дар расонаҳои ҷаҳони араб онро созмони исломии марбут ба уммати Ислом (бахусус пайрави ҷараёни Ихвония бар пояи андешҳои ду тан аз инқилобчиёни фикрии асри бисти олами араб Саид Қутб ва Ҳасан- ул-Бано) мехонад.

Мо бар он ақидаем, ки ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ин гурӯҳҳои раҳгумзадаи иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд. Ба андешаи мо, ин падидаҳо то он даме, ки давлат вуҷуд дорад, боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, онҳоро набояд ҳамчун падидаи нав баррасӣ намуд, балки аз лиҳози илми ҳамеша ба онҳо баҳо дода, мазмуну мундариҷаи онро вокуниш намудан зарур аст. Муҳим он аст, ки онҳо ба амнияти ҷомеа таҳдид накунанд.

Мо ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба макру дурӯғҳо ва иғвои хоинони миллат дода нашавем.Тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои ифротгарон, душманони миллат эмин нигаҳ дорем.

Бо қаноатмандӣ ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо сокинон ва ҷавонони саодатманди ин диёри ободу зебо ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, онро якдилона пайравӣ менамоем. Баҳри ҳифзи марзу бумаш ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон- 30-умин солгарди Истиқлолияти кишварро бо дастовардҳои беназир  пешвоз мегирем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *