ТТЭ ҲНИ:ТАҶРИБАИ БЕСАМАРИ МУБОРИЗАИ ОН АЛАЙҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Кишвари мо дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин сани муҳими таърихи мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон дар гӯшаю канори гуногуни мамлакатамон заҳмат мекашанд.  Дар давоми солҳои соҳибдавлати истиқлолхоҳии тоҷикон ба карат афзуд, худшиносӣ ва худогоҳии мардум хеле боло рафт.

Роҳи тай намудаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ хело пурпечутоб ва ҳалокатбор буд. Аммо бояд бо сарбаланди эътироф намуд, ки  роҳе, ки тоҷикон дар давоми 30-соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади эҳёи давлати миллии бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намуданд, бесобиқа мебошад. Афсӯс, ки баъзе душманони миллат, ватанфурӯшони зархарид ин комёбиҳоро нодида мегиранд ва кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила саддӣ роҳи пешравиҳо гарданд.  Бояд эътироф кард, ки вазъияти иҷтимоиву сиёсии дохилии ҷомеа ҳоло низ пурра мӯътадил нагаштааст. Чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ҳоло ҳам қувваҳои деструктивие боқӣ мондаанд, ки дар ҳолатҳои муайян бо ҳаргуна роҳу усул мехоҳанд боз алангаи зиддияту низоҳои иҷтимоиро байни афрод, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва минтақаҳо фурӯзон намоянд. Мисоли равшани онро мо дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ (моҳи сентябри соли 2015)  аз тарафи гурӯҳи террористӣ бо сарварии собиқ генерали артиш Назарзода ва дастгирии бевостаи ҲНИ дида метавонем. Аз ин ҷиҳат, бояд дар назар дошт, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва таъмини бақогӣ ва рушди устувори он сарфи на камтари ақлониву ҷисмонӣ зарур аст.  Хатарҳое, ки зидди осудагии ҷомеа, бо роҳи пуршиддат гардонидани зиддияту низоҳо роҳандозӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ  ё бетартибона нестанд. Ин амал аз ҷониби қудратталабон тарҳрези шуда дар амали шахсони ба ном “ватандор” зуҳур меёбад. Таҳрибкорӣ, ноором сохтани ҷомеа ва давлат, бо даъватҳою шиорҳои бардурӯғи иғвоангез бесарусомон гардонидани ҷомеа ҳодисаи тасодуфӣ нест. Ин амалҳо ташаббускорон ва мубаллиғони худро дар симои гурӯҳҳои экстермистӣ, террористӣ ва шаклҳои дигари зуҳури бунёдгароӣ доранд.

Яке аз чунин қувваи деструктивие, ки мехоҳад сулҳу суботи ҷомеаро халалдор намояд, ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати ислом мебошад. Намояндагони ин ҳизб комёбиҳое, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст нодида гирифта, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет ба мисли  «Фейсбук»,  «Ютуб», “Твиттер», «Инстаграм», «Фликр» ва «Вконтакте», хусусан “Радиои озодӣ” хабарҳои бардурӯғи худро пахш менамоянд.  .

Яке аз сабақҳои муҳиме, ки тоҷикон аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум бардоштанд ин аст, ки барои онҳо  “демократияю озодандешӣ” дар талқини наҳзатиён, ки ҷомеаро ба бесарусомониҳо даъват менамояд, даркор нест. Дар байни мухолифин олимону зиёиён кам нестанд. Онҳо бояд донанд, ки бунёди давлат ва таъмини амнияти ҷомеа кори саҳл нест. Давлат дар асоси қонуниятҳои инкишофи ҷомеа арзи вуҷуд намудааст. Ноил гаштан ба истиқлолияти комил бошад, вақт, дониш, таҷриба, захираҳои моддию маънавиро талаб менамояд.  Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нуктаҳо аз он иборат аст, ки  дар таърих падидаи демократияю озодандешӣ ҳамчун василаи ислоҳи камбудиҳо ва ободу ороста гардонии ҷомеа ва давлат баррасӣ гаштааст. Сад афсӯс, ки имрӯз “демократҳову” “озодандешон” – и тоҷик  аз дуриҳои дур истода, ба дигарон давлатсозию ҷомеасозиро меомӯзонанд.

     Мақсади ниҳоии ҳизбу созмонҳои  мамнӯъ гашта боз дар Тоҷикистон руйи кор овардани вазъияти ноороми сиёсӣ ва заиф сохтани аркони давлатӣ мебошад. Онҳо дида наметавонанд, ки мардуми тоҷик сифатҳои азалии ваҳдатсозӣ, сулҳофарӣ, бедордилӣ ва пешбарандагӣ доранд, дараҷаи камолоти ҷомеаи шаҳрвандиашон хеле боло рафтааст ва ҳоло ҳаводиси ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро пешбинӣ намуда метавонанд,

Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Мо нагузоштем, ки миллат пароканда шавад» таъкид менамояд, менависад хусусияти муҳимтарини сулҳ дар Тоҷикистон, равобити мутақобилаи  он бо  пешрафти муваффақиятноки  ҷомеа бо  роҳи  демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат мебошад. Дар  мамлакат  принсипи  бисёрҳизбӣ  ба вуҷуд  омад, гуногунандешии  идеологӣ амал менамояд. Аммо бо вуҷуди имкониятҳои фароҳами сиёсӣ мухайё сохтан ба фаъолияти ҳизбу  ҳаракатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ на ҳамаи онҳо ба монанди ҲНИ,  «Гурӯҳи 24» ва амсоли онҳо аз ин шароит ва фазои озоди сиёсӣ фаъолият ва амали худро ба манфиати халқ равона сохтаанд. Онҳо нафаҳмиданд ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ва ду неъмати бебаҳо ҳастанд ва манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ ё гурӯҳӣ набояд ин равандро халалдор намояд.

Онҳо дарк намекунанд ё умуман фаҳмидан намехоҳанд, ки дар тули 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мо зери роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардидааст. Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар татбиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Маҳз истиқлолу ваҳдат ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрӯз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳидии ҳамаи нерӯҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.

 

                                            СОЛИҶОНОВ Р,

профессори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *