НИҲОЛИ ДУШМАНИ БАРКАН КӢ РАНҶИ БЕШУМОР ОРАД…

Кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бузургро дар даврони соҳибистиқлолӣ мушарраф гардид. Ба ҷаҳониён ташаббусҳое пешниҳод гардиданд, ки ҷавҳари онҳоро масоили сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва амсоли он дарбар мегирад. Ин гуна сиёсат асоси пешравиҳо ва музаффариятҳост, лекин ҷаҳони пурасрор ва пуртазод барои ҷомеаи муосири инсонӣ бисёр муаммоҳоро пайдо намудааст, ки мо бояд аз он бохабар ва сари вақт баҳри рафъ намудани мушкилоте, ки ба давлати азизи мо таҳдид мекунад чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешем.

Баъд аз расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ва сулҳу субот Тоҷикистон аз ҷониби оламиён чун давлати гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шинохта мешуд, зеро нерӯҳое дар дохили кишвар ба мисоли Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) арзи вуҷуд мекарданд, ки аз шинохта шудани Тоҷикистон ба ин тарз манфиатдор буданд. Аз ҷониби  ТТИ ҲНИ  дар расонаҳои хабарии олам аз нооромиҳо, вазъи ҳуқуқии инсон, даҳҳо хабари дигари ҳангомабарангез паҳн карда, раванди шинохти воқеии Тоҷикиситонро халалдор менамуд.

Акнун амалиётҳои хоинони миллат, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ бурда,барои халалдор намудани ҷомеаи ороми Тоҷикистон нақшаҳои нопоки худро мехоҳанд аз нав тарҳрезӣ кунанд. Вале ин амалҳои нопоки  онҳо баръакс халқи моро бештар муттаҳид месозанд ва бар зидди хоинони  миллат бештар муборизаи қавӣ мебаранд. Ин ҳама пешрафту тараққиётро дида, саркардагони ТТЭ ҲНИ имрӯз ба таҳлуқа афтодаанд. Онҳо медонанд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои таъминоти иҷтимоию давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад. ТТЭ ҲНИ  ва фаъолияти он ба таври комил маҳв ва чун решаҳои саратонӣ аз мағзу ҷони миллат барканда мешавад.

Мардум шоҳиди он аст, ки раёсати ҳизби наҳзат ягон иқдоме, ки барои манфиату миллиати мардум равона бошад, накардааст. Зеро маблағҳои ба дастомадаро аз ҷониби хоҷагон барои айшу ишрати Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоён дар хориҷа, омода намудани насли нави террористӣ ва таблиғи мазҳаби бегона равона сохтаанд.

Воқеан таърих гувоҳ аст ва вақт довар, ки дар филмҳои хҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва «Хиёнат» бори дигар бо далелҳои амиқи раднашаванда амалҳои ноҷавонмардонаи аъзоёни собиқ ҲНИ тасдиқи худро ёфт. Дар интиҳои ақидаи хеш гуфтаи бузургонамонро ба ёд меоварем:

 

Ҳарчиз аз роҳи бадӣ маҷсуди кори худ маҷӯ,

Як бадӣ хоҳи ба кас даҳчанд баргардад ба ту !

                                                                                                                                                                 БОБОЕВА З.А. ,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *