ТТЭ ҲНИ ТАҲДИД БА СУЛҲУ ОРОМИИ КИШВАР

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷаҳони муосир масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои муҳими рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ташкилоти террористи экстремистии Ҳизби наҳзат(ТТЭ ҲНИ) ба амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод  менамояд. Ин ҳизб бо қарори Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015  ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гаштааст;

Мо бояд аз хотир фаромӯш накунем, ки кишвари мо дар аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монда, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ  сӯзонида  шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод

Дар ҳамин шароити душвори пурҳассос, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои зиёд ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ шӯравиро аз ин падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир таъмин карда истодааст.

Таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки технологияҳои  муосири иттилоотӣ  дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани  хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.

Имрӯзҳо, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар бояд дар фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру фаъол бошанд ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар  омода  бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар мебошанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти  тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад, аз ҷумла муқовимат бо ТТЭ ҲНИ. Мо бояд ҳамеша аз ин таҳдиду чолишҳои чаҳони муосир хабардор бошем ва зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем. Ҳамчунин, мо бояд оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароии  солҳои 90 –уми асри XX-ро дар Тоҷикистон аз хотир набарорем ва нагузорем, ки андешаву равияҳои ифротгароии бегона ба кишвари сулҳу ободи  мо аз хориҷ мудохила карда ба амнияту суботи давлати мо халал расонанд.

 

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,

устоди кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *