ТТЭ ҲНИ  сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм

Ташкилотҳои террористӣ ва экстримистии ҷаҳони имрӯза бо ҳар баҳона мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худро дар баъзе кишварҳои исломӣ амали созанд. Тавассути интернет ва сомонаҳои таъсис додаи худ адабиётҳои моҳиятан мазмуни иғвоангези доштаро нашр намуда, дар кишварҳои гуногун паҳн менамоянд.

Дар баромадҳои раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ – экстримистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда зикр намуда, аст ки тамоми руҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби назҳати исломиро қабул надоштаанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили  қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида будаанд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавасути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шудаанд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд,  ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Хизби нахзати Исломии Точикистон харакати мардумии “Растохезки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиходияҳои чамъиятӣ дар ЧШС Тоҷокистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон қабул шудааст, ташкил ёфтан гирифтанд. ХНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа  дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустакилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ХНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд халок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазхабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷахонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Точикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд.аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интикол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корхои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишхои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо     “ Ман Ватанамро беш аз харвакта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми точикро таъмин намуд. Ин гурӯхи нотавонбинӣ аз оламу одам норозӣ  ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ХНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумхурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯхи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити хозира маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун маркази илмӣ таҳлилӣ бо масъулияти калон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.

Дотсенти кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқ Юнусова О.М.

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *