Изҳороти кафедраи кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ғайриқонунии ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои ифротгаро

 

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст, терроризм, экстремизм, равияҳои ифротгароӣ мебошанд.

Мутаассифона, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва ваҳдатгарои ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон, ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корнамоиҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун  дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Ҳизби наҳзати ислом  бо ҳаракатҳои динии ифротгароӣ на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехостанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. Аъзоёни Ҳизби террористии наҳзати ислом  аввалан ҳамчун ислоҳотгарони дин дар ҷомеа шинохта шуданд ва рӯз аз рӯз бонуфузтар гаштанд. Оҳиста –оҳиста сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, донишҷӯён, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд. Барпо намудани баҳсу мунозираҳо ё сабти суханрониҳояшон дар фитаҳо ва паҳн намудани онҳо якбора таъсирашонро дучанд кард. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои динии кишвар аён гардид.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби олии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстримизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии тундгаро, сабаб ва омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқотҳо мебошанд.

Баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб волидайн, атрофиён масъулони шаҳраку ҷамоатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷӯҳ надоранд ва намеандешанд, ки паёмади чунин бетарафӣ бар нафъи миллату давлат ва ҷомеа нест. Аз нигоҳи коршиносон, мутаассифона, имрӯз фаъолияти таблиғотии чунин гурӯҳҳои мусалмоннишин доман густурда то марзи Тоҷикистон низ расида, иддае  аз ҷавонони гумроҳ ва дур аз маърифати исломиро ба сафҳои худ ҷалб кардааст, ки ҷони худро қурбони ормонҳои бегонаву муғризона мекунанд.  Аз гуфтаҳо бармеояд, ҳамаи қишри ҷомеа бояд масъулият ҳис намоянд ва баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб саҳми худро гузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *