СУИСТИФОДАИ ТТЭ ҲНИ АЗ ИСЛОМ

Чуноне, ки ба ҳамагон мусаллам аст, собиқ ҳизби наҳзати исломи Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди абаркудрати Шӯрави соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони экстремистии «Иҳвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсад ин барпо намудани давлати Халифат дар Точикистон буд.

Боиси шукр ва хушнудист, ки давр марому максади хизби наҳзатро ба мо точикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо рохи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикасти сахт хӯрдан дар шаҳри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод моҳи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм чойгир шуданд. Дар он ҷой мардумро бо роҳи зӯроварӣ ба худ чалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз мубалиғони низоми исломи домулло Саъдидин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии нохиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гурӯҳ онҳоро ба ҷиход – ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд. Дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумхурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ТТЭ ҲНИ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар ҶИА амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба максади нопоки худ бирасанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собики ҲНИ М.Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути қутубу дастуроте, ки аз ҷониби хочагони хоричи барои иҷрои вазифаҳо дастрасӣ мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». Инчунин донишчӯёни хоричи кӯмак мекарданд. ҲНИ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло- Абдурахим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИ огаҳи надоштанд.

Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёд кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиханд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъқул хисобиданд. Аммо ҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳаби нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хочагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинчи дар кишвар, тафрикаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобқи моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тагйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгарои ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслақонаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон «Куръон» буд. Мардумро бо роҳи фиреб дар бемористонҳо аъзоҳояшон рафта, бо ҳар роҳу восита ба ҲНИ аъзо мекарданд. Намоз хондан  нахондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизб боши шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир ҳоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад якто – муқобили Ҳукумати конунии ҶТ баромад кунан.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ конеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имруз рӯҳониёни исломии асил ТТЭ ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Муаллимаи калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Файзуллоева Нодирахон Абдураҳмоновна

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *