ТТЭ ҲНИ – МАРДУДИ ВАТАН

Мо аз баромадҳои хоинони миллат, ки вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд, ақидаи хешро баён медорем. Душманони фирории миллат, яъне раҳбарияту ҳаммаслакону пайравони собиқ ҲНИ, алҳол ТТЭ ҲНИ- Паймони миллӣ ном дорад, оқибат мардуди ватан шуда, дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд. Имрӯз нафақат мардуми кишварамон инчунин ҳар як раҳгузари аврупоӣ аз гапи пӯчу беақлонаи наҳзатиҳоро аҳмақнамо медонанд.
Иддаои ТТЭ ҲНИ – мардуди ватан, гурӯҳаки беватан чун тӯтӣ дар ҳар баромадҳои ифротиашон такор ба такрор асосан масъалаҳои зеринро ихтиёри худ кардаанд: Зиндониёни сиёсиро озод кунед. Фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳи ҷунбишҳо озод бошад. Нодида гирифтани дастовардҳои кишвар ва нодуруст маънидод кардани сафарҳои роҳбарияти олии кишвар. Шаҳрвандони бепаноҳи Афғонистон дар кишвар ҷой дода шаванд ва ҳоқазо. Мо дар атрофи ин масоил гуфтанием, ки паси ин суолҳо дигар савол ба миён меояд. Яъне кистанд зиндониёни сиёсӣ? Посух ба суол ин аст, ки ашхосе, ки ба даст силоҳ гирифта ба бародаркушӣ даъват мекарданд ва ё даст ба куштор задаанд! Ҳамонҳое, ки занонро ба зери чодар афканда, мардумро аз прогресси илмӣ – техникӣ ҷудо карданӣ буданд! Ононе, ки ҳуқуқи инсон буданро пули пӯчак медонанд? Афроде, ки таассуби динӣ мағзҳои сарашонро хурдааст ва гирифтори бемории фанатизми динӣ мебошанд! Бояд ёдовар шуд,ки воқеан тасдиқу исботи ин гуфтаҳо дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат”бо далелҳои раднашаванда исботу аён шудааст, ки ҳоҷат ба баён нест!
Оид ба масъалаи фаъолияти ҳизбҳо бошад чунин ҷавоб аст, ки онҳо озоданд, лек на ҳизбҳои экстремистии дар зери бағал силоҳ пинҳон дошта. Дар мавриди дар кишвар ҷой додан ба шаҳрвандони бепаноҳи Афғонистон гуфтанием, ки муҳтарам Президент бо назардошти афзоии кунунии Афғонистон, аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи байналмилалӣ оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт тоҷикони Афғонистон пуштибони дигаре надоштанд. Он кас медонанд чӣ кор кунанд. Умуман кишвари мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии СММ дар пешбурди ин раванд ҳаст.
Бо истифода аз ин фурсат ба хоинони миллат хитобан гуфтанием,ки ба корҳои давлатдории мо мудохила накунанд!
Ногуфта намонад, ки воқеан хоинон дар сафи мардудон ва ланаткардагони халқу миллат ҷой доранд.Хоинони миллат-мардуди ватан, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакону пайравонашонро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тӯҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Умуман наҳзатиҳо ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад.
Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд.
Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Аммо наҳзатиёни тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин мардуди гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд.
Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ – мардуди ватан, умуман хоинони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рӯ, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *