ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР ФИРЕФТАИ АНДЕШАИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ НАМЕГАРДАНД!

Мушоидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар шабакаи иҷтимоӣ сабтҳи гуфтугуйи бадхоҳонаи раиси собиқ ҲНИ ва имруза созмони экстремистии “Паймони миллӣ” (ТТЭ ҲНИ-ПМ) Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо ҳар роҳу восита мехоҳад иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Суол ба миён меояд! Чаро мо, маҳз номи ҲНИ-ро ба забон овардем? Чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии хешро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Ин падидаро Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонашон, дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз воқеъият хело дур аст. Кабириву хамммаслакону пайравонаш, бевосита бо маблағгузоргузорӣ ва дастури хоҷаҳои хориҷиашон ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намудан кӯшиш доранд ва мехоҳанд, боз чандин солҳо рушди кишварро ба ақиб андозанд. Ин аст, ки тибқи супориши хоҷаҳои хориҷӣ Муҳиддини Кабирӣ бо пайравонашон ба як ҳаракати ба ном “Паймони миллӣ” ҷамъ шуда, бо ҷалби ҷавонони ноогоҳу бесавод, ки бехабар аз ҳадафҳои аслии Кабириву пайравонаш, асосан дар кишварҳои Аврупо паноҳандагии сиёсӣ ёфтаанд, дарс омӯхта тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд. Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон Кабирӣ ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори танҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистонро паст мезананд. Ҳадафашон маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст.
Худ ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар вазъи кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ва бахусус паҳншавии бемории сирояти коронавирус, ки тамоми башарият ба он муқовимат мекунад, ин хоинони мазҳабфурӯши худро “ҳомии миллат” эътирооф кардаанд ва дар асл миллату Ватанро аз зеҳнаш дур намуда, зоҳиран бо ғаму андӯҳ, ботинан бошад бо шодиву сурур аз канор ба дарди ҳаммиллати мазлуму ҷабрдида аз хурсандӣ меболанд. Бо ин бозиҳои сиёсӣ барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш доранд. Ин бадхоҳони миллат бехабаранд, ки имрӯз, сиёсати халқпарваронаи Роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама иҷозаи баробари таҳсил, кор ва зиндагии шоистаро кафолат додаасту сокинони кишвар баҳри пешбурди зиндагии хеш ва бавоситаву бевосита ба бунёди давлати ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми босазою арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Бадхоҳони миллат бояд донанд! Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард!
Хитобан таъкид менамоем, ки маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакати мо марҳилаи таҳияю татбиқи Барномаҳои давлатӣ, Стратегияи рушд, Консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.
Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилал ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардида, бо муҳаббату самимияти том дар тӯли солиён то имрӯз нияти иҷро доранд.

Р.МАНОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *