ТТЭ ҲНИ – КАЛЛАМУШИ ҒАРҚШАВАНДА

Мушоҳидаҳои мо аз рафтору гуфтори роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва собиқ аъзоёнаш мисли Муҳаммадиқболи Садриддин собит менамояд, имрӯз наҳзатиёни ҳасадхӯри иғвогар дар киштии ғарқшаванда қарор доранду, чун калламушон барои наҷот ёфтан, худро ба ҳар кӯ мезананд. Имрӯз роҳбари наҳзатиён Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол  ба ғайр аз дурӯғу бӯҳтон гуфтан дигар коре надошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар суҳбати онлайнӣ  мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад худро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Инчунин зимни баромадҳои иғвогариаш Кабирӣн бо тезисҳои беасосу бепояи худ ба мардум  оид ба масъалаи хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон, вазъи сиёсии Афғонистон ва дигар проблемаҳои Тоҷикистонро надидаву надониста сухан менамояд, ки оқибат аз баромадҳои ноҷову беасос ба номи тоҷику Тоҷикистон иснод оварданаш  аз эҳтимол дур нест.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва пайравони он ба мисли М.Садридину Гадоев Ш. ҳатто берун аз кишар бори дигар исбот шуданд, ки бешак зархариди хоҷагони аҷнабӣ будаанд ва мемонанд. Ин матлаб дақиқан собит мекунад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  боз ба дари хоҷагони худ бо дасти дароз ва сари хам рӯ оварда, бо умеди дарёфти пул барои идомаи фаъолияти ғайриқонуниву зиддибашариаш гардан каҷ карда, бо ин васила чун калламушон аз ғарқшавӣ наҷот ёфтан кӯшиш дорад. Ҳоло Кабирию Муҳаммадиқболи бешараф ва пайравони ТТЭ ҲНИ сарсону саргардон дарбадар дур аз Ватан, чун калламушони ғаршаванда барои наҷот ёфтан кӯшиши беҳуда доранд. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки ба Ватану миллати худро мефурӯшанд!

 

                               РАҶАБОВ Р.О.,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *