МАРДУМИ ТОҶИК ДИГАР ҲАРГИЗ БА ДАСИСАВУ ИҒВОГАРИИ ТТЭ ҲНИ ФИРЕФТА НАХОҲАД ШУД!

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои навадуми асри ХХ халқи тоҷик бо дахолати доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ таҳмилшуда азобу машаққат, ранҷу маҳрумият ва даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд ва барои обод намудани харобиҳои он беш аз ду даҳсола аст, ки заҳмат мекашанд.

Имрӯз пурра собит гардид, ки ҳаммилатони мардумфиреб, яъне роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки аз оғоз медонистанд, ки ҳадафи асосии ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бурдани якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу таблиғи мазҳабу фирқаҳои “барои ҷомеъаи кишвар бегона ва ҳатто ифротӣ” мебошад.

Ҷанги хонумонсӯз, ки он аз ҷониби ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ шуда буд, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд.

Вақтҳои охир, тавассути шабакаҳои интернетӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва собиқ аъзоёнаш ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин бо тезисҳои беасосу бепояи худ ба мардум оид ба масъалаи хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон, вазъи сиёсии Афғонистон ва дигар проблемаҳои Тоҷикистонро надидаву надониста сухан менамоянд ва бо ин баромадҳои ноҷову беасос ба номи тоҷику Тоҷикистон иснод оварданро мехоҳанд.

Аммо, ҳадафҳои иғвоангези онҳо ҳаргиз ҷомаи амал намепӯшад ва мардуми тоҷик дигар ҳаргиз ба дасисаву иғвогарии ТТЭ ҲНИ фирефта нахоҳад шуд.

Имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардиданд. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом доданд, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

Маҳз ҳамин пешравиҳоро бадхоҳони миллат, аз қабили роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, собиқ аъзо Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон дидан намехоҳанд ва бо ҳар дурӯғу бӯҳтон мехоҳанд оромиву суботи Тоҷикистонро халадор намоянд.

Бори дигар хитобан ба онҳо мегӯем, ки мардуми тоҷик дигар ҳаргиз ба дасисаву иғвогарии ТТЭ ҲНИ фирефта нахоҳад шуд.

 

                                    Ш. МАҲМУДОВ.,  мудири шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқӯқии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *