МАСХАРБОЗИИ КАБИРӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Мо тариқи васоити ахбори омма мушоҳида мекунем, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  душманони миллати тоҷик, ба мисоли роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ бо ҳар роху восита мехоҳад фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намояд. Кабирӣ имрӯзҳо тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, нисбат ба халқи азизи мо таҳдиду иғвогарӣ мекунанд, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳад. Кабирӣ бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки чун саги дайду дунболи фурсатҳои мусоиду анҷоми амру фармонҳои онҳо қарор дорад.

Бо иваз намудани  номи ТТЭ ҲНИ ба  “Пайравони милли…” (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ кардан зарурият нест ) бо найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш дорад, ки чун солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ҷалб созанд. Торҳои ин ташкилот дар минтақаҳои Аврупо паҳну парешонанд.  Масхарабозиҳои Кабири дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст. Воқеан ба душманони миллати тоҷик хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ  ёрии беминнати худро расонида, кушиш бар онанд, ки Кабириро тариқи созмонҳои хориҷӣ  «мусичаи бегуноҳ”  нишон диҳанд.  Инчунин назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи зиёд аз 29 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИ  дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Хулоса мардуми тоҷик хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна ин ташкилоти иғвоангез ва хиёнаткор воқеан террористӣ ба сари аҳолии мамлакат дарду андӯҳи гарон овард. Воқеан имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори масхарабози аврупоӣ – Кабирӣ муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд.

                                                    

   ФАЙЗИЕВА С. ,  мудири кафедраи

   забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *