ТТЭ ҲНИ – ИҒВОПЕШАИ ҶОМЕА

Мусаллам аст, ки тайи чанд соли охир Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ ва думравонаш бо ҳар роҳу восита, алалхусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии соттори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Масалан дар моҳи апрели соли равон, аз оғози моҳи шарифи Рамазон Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов зимни баромадҳои навбатиашон боз чун солҳои қаблӣ, бо истифода аз дини мубини Ислом, барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ андохта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст! Вале ,бадхоҳони миллат баракси ин сухан!
Баромадҳои қаблию навбатиашон, умуман сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Бояд ёдовар шуд, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намуда, зимнан, барои беҳбудии давлат барномаҳои созандаи худро ба Ҳукумат пешниҳод менамоянд. Пас суол ба миён меояд, аз ҷониби иғвогарон бо ном мухолифи давлати мо оё чунин барномае боре пешниҳод шудааст? Албатта не! Аз ин бармеояд, ки онҳо танҳо хусумати шахсӣ доранд, ки бар пояи манфиатҳои шахсӣ, иқтисодиву молиявӣ рабт дорад. Хулоса, амалу рафторҳои Кабирию Алим Шерзамонов хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, бахусус хилофи озодии сухан буда, барои содир намудани чунин амал қонунгузории кишвар ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Д. ОРИФҶОНОВА,
сармуаллими
кафедраи молия қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *