ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ УМУМИБАШАРӢ

Мо ҳамагон, дар ҳарчанд рӯз мефаҳмему огаҳӣ меёбем, ки дар ин ё он кишваре, амалҳои террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, силоҳҳои оташфишон ва васоити дигари ҷонситон ба амал омадаанд. Бо созмон ёфтани бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар соли 2014 терроризими ҷаҳонӣ боз ҳам вусъат ёфт ва хавфноктар шуд.
Имрӯзҳо нисбатан ба эътидол омадани кишварҳое чун Сурия, Ироқ ва Ливия , бештари аъзоёни ДИИШ дар қаламрави Афғонистон маскан гирифтаанд. Баробари ин дар замони суқути њаракти “Толибон”миќдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Бояд қайд кард, ки рузҳои ҷумъа дар Афғонистон содир шудани таркишҳои зиёд ба қайд гирифта мешаванд ва масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо ДИИШ ба уҳда мегирад. Чунончӣ, санаи 21 апрели соли равон дар шимоли Афғонистон, дар яке аз масҷидҳои Мазори Шариф таркиш рух додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса қурбониён ва маҷруҳони зиёде ба қайд гирифта шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *