ТТЭ ҲНИ -ХИЁНАТКОР ВА НОТАВОНБИНИ МИЛЛАТ

 

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба амсоли собиқ аъзоёни ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ  худро ҳомии дини мубини ислом ва «адолатпеша» муаррифӣ намуда, тариқи сомонаҳои интернетӣ тухми кинаву адоват кошта, боз мехоҳанд мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд. Ин ҳизби хиёнаткор бо ақидаҳои фанатикии худ асосан ҷовононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори ислом огоҳӣ надоранд,  ба сӯи худ ҷалб намуда, оқибат ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин мусоидат намуда буданд ва имрӯз низ кӯшиш доранд. Бояд таъкид намуд, ки М.Кабирӣ ва М.Садриддин имрӯз дар хориҷа иқомат доранду нисбати кишаври мо суханҳои беасос мегӯянд. Воқеан васвасаҳои пучу бемаънои М.Кабирӣ ва бешарафии М.Садриддин ҳамаро дилбазан кардаву такроргӯиҳояш касро бештар нисбати ин нобакорон нафратманд кардааст. Бояд М. Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ба мисли М.Садриддин донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард. Ба аъзоён ва роҳбарияти собиқ ҲНИ М.Кабирӣ такроран хотиррасон ва таъкид менамоем, ки маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакати мо марҳилаи таҳияю татбиқи Барномаҳои давлатӣ, Стратегияи рушд, Консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.

Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилал ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардида, бо муҳаббату самимияти том дар тӯли солиён то имрӯз нияти иҷро доранд. Бо чунин ниятҳои нек бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷашни бузургу муқаддасамон 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои беназир пешвоз хохем гирифт. Дар ин ҷода ба ҳама барору кор пирӯзиҳо таманно менамоем.

 

Раҷаббов Р.-муаллими калони

кафедраи математекаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионӣ

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *