Чуноне, ки таҳлилҳо собит месозад, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун «Интернет», намоишхои филми ҳуҷҷатӣ паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Баъд аз тамошои филми мустанад бо номи “Хиёнат”доир ба рафтору кирдорҳои хиёнаткоронаи роҳбари ҳизб М.Кабириро амиқтар огоҳӣ ёфтем. Мо омӯзгорони кафедра баъд аз тасдиқи ҳодисаҳои нангини солҳои 90-ум, ки аз ҷониби собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он М.Кабириро содир шудааст, шадидан маҳкум карда, даъват менамоем, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзем.