Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ нисбати ТТЭ ҲНИ

 

Мо омӯзгорони кафедра нисбати ТТЭ ҲНИ ибрози ақида намуда қайд мекунем, ки дар шароити имрӯза дар кишварҳои пешрафта асосан дар Аврупо наҳзатиёни аз Тоҷикистон фироришуда бо максаду мароми ҳизбиашон, манфиатхои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш сохта, боз бо дастгирии хоҷагонашон ба хадафҳои ғаразонаки худ расидан кӯшиш доранд. Дар оғози зуҳури чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ аксар давлатҳо ин равандро ҷиддӣ қабул накардаанд. Бо сӯиистифода аз бетафовути кишварҳои пешрафта, ки то ин вақт хатари онро эҳсос накарда буданд , ки ин “вабои аср” аз сатҳи маҳалливу минтақавӣ то умумиҷаҳонӣ расид. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари мо гуруҳи экстремистӣ ва террористӣ бо номи “Ҳизби наҳзати ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда, чи нақшаҳое таҳия намуда буданд ва имрӯз низ онро идома додани ҳастанд. Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТТЭ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Бо баробари ин мо мушоҳида мекунем, ки вақтҳои охир дар шабакаи интернетӣ масъулини собиқ аъзоёи ҲНИ, хоса М.Садриддин ва роҳбари он М.Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо худро ба аҳли илму адаб “некхоҳ” нишон доданӣ мешуданд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти ҳизби мазкур дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанд. Шояд баъд аз ин  гуфтугӯи иттилоотӣ гумроҳшудагон айби худро дарк намуда, минбаъд бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ  шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша кунанд.

Имрӯз ҷавонон бояд ба пуррагӣ дарк намоянд, ки корҳои ношоистаи собиқ узви аъзоёни ТЭТ ҲНИ тариқи намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ниҳоди ғайриинсонӣ М.Кабирӣ аёну исбот шуд. Хулоса ҳаминро таъкид карданӣ ҳастем, ки ТТЭ ҲНИ якхори чашми сокинони Осиёи Миёна буда, барои ҷомеаи имрӯза хатарзост ва мо онро маҳкум мекунем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *