ТТЭ ҲНИ – ХИЛОФИ ДИНИ ИСЛОМ

Вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Ба таври ғайриинтизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ин гуна ҳолат дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Дар қатори ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ)-ро ном бурдан зарур аст, ки фаъолияташ на танҳо иғвогарию дурӯғгӯӣ, бо баробари ин амалҳояш бар хилофи дини мубини Ислом аст.  Роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдоронаш бо тӯҳмату дурӯғгӯиҳо ба зодгоҳу ватани худ ва дини мубини Ислом то имрӯз хиёнат намуда истодааст. Лозим ба ёдоварист, ки ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштор даст зада, амалҳои ғайриинсониро содир намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷинотҳои содирнамудаи М.Кабирӣ ва аъзоёни собиқ ҲНИ рӯз аз рӯз аён шуда истодааст. Роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни он низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом меҳисобанд. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳи наҳзатиён шомил шуда, мехоҳанд дар ҷомеаи демократии дунявӣ ақидаҳои носолими динии худро амалӣ созанд. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта ҷинояткор будаанд. Наҳзатиёни бадрафтор барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебурданд, ки дар натиҷа  бархе аз ҷавонон дар давлатҳои Сурия ва Ироқ бевосита амалҳои террористӣ намуда, ҳалок шудаанд. Дар баробари ҳамаи ин, ақалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ва ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд.

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Мо омӯзгорон, тарбиятдиҳандагон бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.

                                  Ҳомидова М.К., ассистенти кафедраи

                                     тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *