Меморандуми ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Окан (Туркия)

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и на открытом воздухе)

Ҳайъати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз Донишгоҳи Окани Истанбул (Туркия) боздид ба амал оварда, бо шароити таҳсил ва имкониятҳои он (озмоишгоҳҳо, китобхонаҳо, намоишгоҳҳо, студияҳо ва ғ.) шинос шуданд. Сафари корӣ дар доираи Лоиҳаи Рушди Таҳсилоти Олии Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зерлоиҳаи «Баландбардории сатҳу сифат ва рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар ассоси принсипҳои раванди Болонӣ» ташкил карда шуд. Бояд гуфт, ки ҳамаи дидаву шунидаҳо воқеан олӣ ва тамошобоб буда, таассуроти хотирмон боқӣ гузошт.

Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)

«Албатта, барои ман дидани ин имкониятҳо бори аввал набуд. Чунончи, қаблан дар донишгоҳҳои аз ин ҳам калонтари давлатҳои хориҷа таҳсил намуда, ин гуна имкониятҳоро бисёр дида будам. Аммо чунин шуд, ки ин имкониятҳоро ман ин навбат аз нигоҳи дигар назар кардам. Ҳангоми таҳсил онҳо барои ман чандон назаррас наменамуданд ва аз эътибори ман дур буданд. Акнун, ки фаъолияти ман ҳамчун роҳбар дар муассисаи таълимӣ бо таҳсил ва сифати он робита дорад, ташкили инфрасохтори таҳсилро ман аз нигоҳи дигар баррасӣ менамоям. Чунин сафарҳои корӣ ва омӯзишӣ, дар ҳақиқат, барои ҳавасмандӣ, ташаккули таҷриба, рушди тафаккури эҷодӣ хеле муфид мебошанд»- иброз дошт мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Мухторов Саидқосим.

Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят и в помещении)

Бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки барои донишҷӯёни мо боз як имконияти нав, яъне мубодила барои таҳсил дар Донишгоҳи Окан пайдо гардид. Байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ва Донишгоҳи Окани Туркия Меморандуми ҳамкорӣ баста шуд ва алҳол самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ гардида истодааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *