НАҲЗАТИҲОИ ФИРЕБГАРУ ДУРӮҒГӮЙ

Хиёнатҳои наҳзатиён барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардидааст ва халқи тоҷик амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро шадидан маҳкум менамояд. Зеро фаъолияти наҳзатиён танҳо аз хиёнату фиребгарию дуруғгуйӣ, иғовару вайронкорӣ иборат аст. Бо баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҳзатиён бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задаанд, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониии онҳоро намебахшад ва аз хотир ҳам намебарорад. Наҳзатиёни ҷиноятпеша доимо хавотиранду таҳлуказада. Зеро ҳадафашон муғризона, аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ мебошад. Наҳзатиҳо собит карданд, ки ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Хулоса, амалҳои хоинонаи наҳзатиён ва ҳаммаслакони ӯро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунанд ва умед аз он дорем, ки бахусус ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд.

 

Ҳусаинова М.К., ассистенти кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *