ТТЭ Ҳизби наҳзат – ташкилоти иғвоангез ва хиёнаткор

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, таѓйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ѓасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумлаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки фаъолияти он иѓвоангезию дурӯѓгӯист.

Солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фурсати ба дастомада намояндагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом тавонистанд манфиатҳои ѓаразноки худро истифода намоянд.

Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ѓайриқонунии худ равона намуданд.

Аз нооромии баамаломада ҳизби наҳзат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштор даст зад. Ин амали нангини ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат боиси кушта шудани чанд тан аз ҳамватанони мо гардид.

Аз ибтидо фаъолияти ҳизби наҳзат ба ноором кардан ва суботу амнияти давлат равона гардида буд ва мехостанд сулҳу оромиро халалдор созанд.

Мардуми тоҷик хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна ин ташкилоти воқеан террористӣ ба сари аҳолии мамлакат дарду андӯҳи гарон овард.

Аз ин рӯ, фаъолияти пинҳонии ТТЭ ҲНИ –ро шадидан маҳкум менамоянд.

Барои мардуми мо сулҳу субот аз ҳама ганҷина баландтар аст ва онро мо чун гавҳараки чашм азизу муқаддас медорем.

   Бурҳонов Саидориф

                                                       ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи

                                                             ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *