Ҳилаи нави ҲНИ (террори ақидагӣ)

ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст. Ҳамеша ё бо роҳи террор  ё бо роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафи хеш кӯшиш намудааст. Омилу сабабгори  асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин навъ идеологияи ҷангӣ ва террористии  ҲНИ буд, ки сабаби марги зиёда 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

Шӯрангезӣ ва ихтилофпардозии аъзои  ҲНИ дар бомдоди истиқлол мӯҷиби ба гурӯҳҳо тақсимшавии ҷомеа гардид ва бо барчаспзаниҳои кофару илҳодӣ бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири олимону, омӯзгорон ва аҳли илм пардохтани наҳзатиён мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард.

Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мебоист омилони ҷанг бахшида шаванд, ҷинояти сангини ин ҳизб зери парда монд. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи  террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш таъсис додани ВАО – и ба ном мустақили наҳзати  фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро масмум гардонид. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро дар шакли пардапӯшонаи фалсафаи шаҳодат ва амсоли ин таблиғ менамуд. Бояд зикр кард, ки барои бошиддат мазҳабишавии ҷомеа ва гароиши мутааддиди ҷавонон ба созмонҳои террористӣ аз “баракати ҳамин мавъизаҳо дар ҷомаи фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат”- и идеологҳои ҲНИ маншаъ мегирад. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Аз тарафи дигар тӯли ин солҳо барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳолӣ тавассути расонаҳо пахши усулу ақоид ва афкори тундгароёнаи мазҳабиро ба роҳ монда, боиси бошиддат косташавии зеҳнияти дунявии ҷомеа ва босуръат мазҳабишавии он гардид. Яъне, дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд. Нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ва дунявӣ ва ба онҳо тарҷеҳ додани арзишҳои диниву мазҳабӣ сабаби он гардид, ки нафарони ҳувиятбохта ба шакли қишри иҷтимоӣ дар ҷомеа ташаккул ёбанд. Агарчи муддати ин замон аъзову роҳбарони наҳзатӣ аслиҳаҳои хешро як сӯ гузошта, аз куштори  мухолифини хеш даст бардошта бошанд ҳам, вале онро дар шакли дигар, террори ақидатӣ идома доданд, ки зарари он ба миллат ва мардуми кишвар бамаротиб зиёд будааст.

 

 

Кафедраи молшиносӣ ва

фаъолияти гумрукӣ 

Ассистент Раҳимов Салохиддин

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *