Дар тафаккури ҷавонон ақидаҳои солимро парварем!

 

Имрӯз мо бо чашми кушодаву ақли расо тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои Тоҷикистони азизу маҳбуби  хешро дида истодаем.

Барои он ки вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зидди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талошҳои  муштараки  халқҳо  ба амал  баровардан мумкин аст.

Дар ин раванд зикр менамоем, ки имрӯз мушкилоти ниҳоят ҳаллаш вазнин-гаравиши ҷавонони сустирода ва соддалавҳ  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ касро аз ҳар ҷиҳат нигарон мегардонад. Алалхусус, ки экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср зуҳур кардааст, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳар шароит ва ҳар лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Азбаски ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи муосири мо ягон асоси мӯътамад надорад, барои ба тезӣ маҳв карданаш бояд ақли солим ба кор бурда, ғалаба кунад ва садди роҳи пешгирии он гардад.

Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихордории  миллат  тарбия намоем, ки он набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғво пеша гарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерўгоҳҳо, рощҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад.

Ин шахсон имрӯз бо ҳар гуна роҳу восита мекӯшанд, бо дасисабозиҳо мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи ороми кишварамонро ноором гардонанд. Ононе, ки ба ингуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ шомил мешаванд, инсонҳое мебошанд, ки аз ҳадафҳои муғризонаи ин гурӯҳи ифротгаро ноогоҳанд. Чунин инсонҳо фирефта ва гумроҳ мегарданд, вале оқибат, албатта пушаймон мешаванд. Бинобар ин, имрӯз мардуми диёрамон баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд доранд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи чунин сарзамин, давлатдорӣ карда, дарк намудаанд, ки давлат барои ҳар як инсон ва шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст.

Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо ёфт мешаванд ашхосе, ки чунин пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд.

Мо бояд тамоми малакаву дониши худро баҳри таҳкими рӯзгори орому осуда, ҳаёти осоиштаи имрӯзу фардо, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ равона созем.

Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихордории  миллат  тарбия намоем, ки он набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша гарданд.

 

Атаева Фаросатхон –муаллимаи калони
кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *