Тоҷикон имрӯз қудрати ҳифзи Ватани муқаддаси хешро дорад!

 

Амалиёте, ки дар Варшава аъзои ТТЭ ҲНИ намоиш доданд, боз як бори дигар мардуми шарафи Тоҷикистонро ҳушдор месозад, ки ин ташкилоти нангин худро гӯё бегуноҳ нишон медиҳад. Аммо, ҳатто шахсони бесавод рафтори ноҷавонмардонаи роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба монанди М. Кабирӣ ва пайравони ӯро баҳо дода натавониста, фирефтаи пул мешаванд, ҳарфҳои дурӯғро  аз ҳақ ҷудо карда наметавонанд. Ва дар байни ҷомеа тафриқаҳои бемаъноро паҳн намуда,  ҷамъияти осударо вайрон кардан мехоҳанд. Мардуми бонангу номуси тоҷик ин гуна шахсони ба пул фурӯхташударо кайҳо фарқ карда буданд. Ҳодисаи  дар Варшава рухдода  нишонаи аз ҳақиқат гурехтани аъзои ТТЭ ҲНИ ва баҳона буд.  Ононе, ки аз давлатҳои хориҷа истода, даъвои ҳақиқат мекунанд, солҳои дароз дар мамлакати бегона ҳамчун саги дайду зиндагӣ кардаанд, онҳо наметавонанд ба ватани падарии худ баргашта, чун шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон зиндагӣ ба сар баранд, бо вуҷуди ин, азоби виҷдон мекашанд. Шахсоне, ки ба гуноҳи худ иқрор гаштаву аз корҳои кардаашон пушаймонанд, Пешвои  муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷозат доданд, ки  дар давлати худ ҳамчун шаҳрванд зиндагии осуда ба роҳ монанд. Ногуфта намонад, ки шахсони ба гуноҳи худ иқрор гаштаву аз корҳои кардаашон пушаймон  ҳоло дар  Ватани аҷдодӣ ба назди фарзандони худ баргашта, озодона зиндагӣ доранд.

Шахсони ифротгару бевиҷдон ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, М.Кабири сарсону саргардон дар мамлакатҳои бегона бар ивази он ки ҳамватанони худро дида, пурсон аз аҳволи хешовандон бошанд, бо иғвоангезӣ азоби виҷдонро нишон дода, байни ҷаҳониён миллати тамаддунофари тоҷикро бадном сохтанӣ мешаванд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар байни ҷаҳониён бо иқдомҳо дар самти ҳифзи захираҳои об, мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир, оштинопазирӣ нисбати  амалҳои терроризм ва экстремизм ва дигар ташаббусҳои инсонпарварона муаррифӣ гаштааст ва дигар ягон нохалаф наметавонад мақоми кишвари моро рахна намояд. Бо бовари комил изҳор медорем, ки тоҷикон имрӯз қудрати ҳифзи Ватани муқаддаси хешро аз ҳар гуна нохалафону нокасон доранд ва асло намегузоранд, ки эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ хатаре таҳдид намояд.

 

Дилафрӯз ҲОМИДОВА,

муҳаррири бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *