НАҚШАҲОИ ИҒВОГАРОНАИ ТЭТ ҲНИ АМАЛИ НАГАРДИД!

 

Чанде муқаддам дар Варшава ҷаласаи солонаи САҲА “Оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ” корашро анҷом дод. Дар он ҳудуди 1200 вакил аз 57 кишвар ширкат дошта, ҷанбаҳои гуногуни таъмини ҳуқуқи инсон дар кишварҳои узви созмонро баррасӣ намуданд. Роҳбарияти фирории ТЭТ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош карданд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи ҲНИ аз ин фурсат истифода бурда, баъзе ҳадафҳои нопоки хешро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон дар доираи ин ҷаласа амалӣ намоянд. Аммо, дар асл, ин ҷаласа ба саҳнаи шармандагии гурӯҳи экстремистию террористӣ ва ҳаммаслакони он табдил ёфт.

Дар як рӯзи пеш аз оғози ҷаласа, яъне 9-уми сентябр, наҳзатиён ҳамон ҳиллаи қадимии худро кор бурданӣ шуда, худ бо худ қарордод баста, ташкилоти сунъиеро бо номи “Паймони милли Тоҷикистон” эълом намуданд. Вақте бо огоҳӣ аз  моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТЭТ ҲНИ ягон ташкилоти мухолифи ҳукумат дар хориҷа ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуд, мувофиқи нақшаи хоҷагони худ роҳбарияти ҲНИ худашон аз ҳисоби аъзо ва муздурони худ чанд “ташкилот”-и нав сохта, сипас худ бо худ “эътилоф” ташкил карданд. Бинобар ин онҳо медонанд, ки “Паймони милли Тоҷикистон” дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистӣ эҷод шудааст.

Баробари оғоз шудани ҷаласа, яъне рӯзи 10-уми сентябр, мизбонон эълом доштанд, ки намояндагони кишварҳои узви САҲА ба ин ҷо барои дар фазои ороми корӣ гӯш кардани фикру мулоҳизаҳои ҳамдигар омаданд, аз ин рӯ, дар дохил ва атрофи макони баргузории он барпо намудани намоишҳои эътирозӣ ва барҳам додани тартиботи умумӣ манъ аст. Ин қоида нишон дод, ки тамоми кишварҳои узв аз ҳузуру тартибшикании ин гурӯҳи авбошу беадаб хаста шудаанд. Зеро солҳои гузашта намояндагони ТЭТ ҲНИ аз фазои озод истифода намуда, ба ташкили эътирозу намоишу сарусадоҳо баланд мекарданд ва дохили толори маҷлисгоҳ ба кори ин ҷаласаи байналхалқӣ халали ҷиддӣ ворид менамуданд. Аммо, ин дафъа, вақте ду намояндаи ин ташкилот талош карданд, ки рафти маҷлисро вайрон кунанд, аз тарафи роҳбарияти ҷаласа онҳо аз толор ронда шуданд. Масъулини САҲА намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро огоҳ карданд, ки дар ҳолати такроран халалдор намудан ба кори конфронс, онҳо аз ҳуқуқи ширкати минбаъда дар чорабинӣ пурра маҳрум мегарданд.

Чунин муқаррарот нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, чунки онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Аз ин рӯ, ҳоло ТЭТ ҲНИ қарор кардааст, ки намоишҳои худро минбаъд садҳо километр дуртар аз Варшава, яъне дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Латвия баргузор намояд.

Файзулло МАМАДҶОНОВ,

корманди масъули бахши кадрҳои ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *