ҲИЗБИ НАҲСАТИ ИСЛОМӢ ВА НАҚШАҲОИ ЗЕРПАРДАГИИ ОН.

 

Аз таърихи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ёдовар шуда қайд менамоем,ки воқеан таҳкурсии таҳсоси он ҳанӯз  соли 1978 дар сарҳади “Туркманистон”  ноҳияи Бохтар аз ҷониби созмони махфии “Бародарони мусулмон” гузошта шуда буд. Санаи 26 ноябри 1991 анҷумани муассисони ин ҳизб баргузор гардида, фаъолияти ин ҳизбро ошкорро соли 1991- 1993 ба роҳ монд, ки он фаъолияти терористӣ ва ифротгароӣ мебурд.  Бо баробари ин  моҳи июли 1993 Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарори ҳизби демократии Тоҷикистон, “ Ростохез”, созмони “Лаъли Бадахшон”  фаъолияти ҲНИ –ро ки ба ҷанги бародаркуш замина гузошта буд. Роҳбарони он ба Афғонистон фирор намуда моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди ташкил намуданд, ки ба он ҲНИ ба ҳизби демократии Тоҷикистон аъзо буданд. Баъди Ваҳдати миллӣ аз санаи 28 октябри соли 1999. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти нави ҲНИ иҷозат дод. Вале ин ҲНИ бо ҳар роҳу восита иғвогариҳо, фитнаангезӣ, гумроҳсозии аҳолиро оғоз намуда, даст ба тероризм зада алайҳи ҳокимияти конститутсионӣ душманонои рафторсозиро оғоз намуд. Дар натиҷа 45 нафар аъзоёни ин ҳизб барои ҷиноятҳои вазнин ва 17 нафари дигар барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва терористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.Аз ҷумла, яке аз ҷиноятҳои онҳо бо роҳбарии Давлатов Аловуддин ( Алии Бедакӣ)  ва Раҳимов Абдулло (Мулло Абдулло) боиси марги 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар водии Рашт гашта буд. Ин гуна ҳодисаҳо дар Хоруғ, Исфара боиси марги чандин кормандони ҳифзи ҳуқуқ гашта буд. Амали ноҷавонмардонаи Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷи Ҳалим) ва роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки 4-16 сентябри 2015 тавассути терор сарнагунсозии ҳокимиятро доштанду зиёда аз 20 гурӯҳҳои 15-30 нафариро ташкил дода буданд,  косаи сабри мардумро лабрез сохту бо талаби прокурори генерали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро чун ҳизби экстремистию терористӣ аз санаи 29 октябри соли 2015. қатъ намуда рӯзномаи он “Наҷот” ва соманаи интернетии ҲНИ-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд.

Бояд қайд кард,ки аз гуфтаҳои раиси собиқ аъзои ҲНИ Ҳимматзода ва аъзои фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов бар меояд, ки ин ҳизб бо маблағи хоҷагони хориҷиашон ба монанди Шайх Ҳасани Банно, Саид Қутб, Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавдудӣ ва чанде дигарон нақшаи сарнагунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд.

Гарчанде фаъолияти ҲНИ манъ карда шуда бошад ҳам, вале намояндагони саргурези он аз хориҷи кишвар истода боз мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи кишвар ҳалокат андозанд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштани онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, бехабар аз онанд, ки онҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд!

Имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта фикр намесозад, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳ гум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро боз ба вартаи ҳалокат равона сохтани ният доранд. Андеша карда қайд кардан ҷоиз аст, ки  охир модарон ба сад умеду орзу фарзанд ба воя мерасонанд, ки онҳо бо халқу Ватани худ хизмат намуда, дар айёми пири асои дасти онҳо шаванд.

Воқеан имрӯз нақшаҳои зерпардагии собиК ҲНИ  ба ҳамагон маълум аст. Ба аъзоёни  фирории ҲНИ, ки алҳол дар Аврупо истиқомат доранд, гуфтанием, ки Шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред. Дар ин бора бузургони мо фармудаанд:

Ҳарчиз аз роҳи бадӣ маҷсуди кори худ маҷӯ,

Як бадӣ хоҳи ба кас даҳчанд баргардад ба ту !

Бобоев А. – муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ,  

аълочии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

   

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *