Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субот ва амнияти кишвар беназир аст.
Бамаврид аст, ки бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони ВМКБ аз 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунандаи байниидоравии мақомоти таъминоти амният дар вилоят таъсис дода шудааст, ки умед аст дар ин самт ин ситод тадбирҳои ҷиддии амалӣ меандешад. Мардуми Бадахшон аз бакси фарҳанг ва маданияти баландро дороянд, метавонанд бо амали ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва вохӯриву сӯҳбатҳо бо аҳолӣ хосатан ҷавонони маҳаллаҳои осебпазир ба кори супоридани силоҳ ва даст кашидан аз амалҳои ғайриқонунӣ мусоидат менамоянд.
Як гурўҳ ҷавонони роҳгумзада бо корҳои ҷинояткорӣ ҷиҳати вайронкунии волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, доштани силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буда. Ба ороми кишвар таъсир расонидан мехоҳанд. Давлати Тоҷикистон пурқувват буда, ба афзудани ҷинояткорӣ роҳ намедихад.
Мутаассифона дар байни баъзе ҷавонони шаҳри Хоруғ, ақидае ҳукмфармо мебошад, ки ҳамин «хурсандакҳо» ифодагари манфиати умуманд, ва катъиян ин тавр бояд набошад. Ҷинояткорони ба мисли Хурсанд Мазоров дигар хел меандешанд. Барои онҳо муомилаи маводи мухаддир дар бозорҳои наздисарҳадӣ аз ҳама арзишҳо болотар аст. Онҳо халқро барои фаъолияти ҷиноятии худ истифода ва манфиати авбошонаи худро рӯйпуш мекунанд.
Мардуми Тоҷикистон имрўз огоҳу озода аст, баду некро ба хубӣ мешиносад, тажрибаи талхи жанги шаҳрвандиро, ки аз тарафи наьзатиьо роҳандозӣ шуда буд, аз сар гузарондааст. Аз ин рў, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри наҳзатӣ намегардад. Имрўз шаҳрвандони кишварамон дар атрофии сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданд ва барои ободии ватани худ ҷаҳд мекунанд. Мо умедвори онем, ки дар Бадахшон, ки ифтихори мо Тоҷикистониён аст, ҷавонон сари андеша омада, силоҳҳоро супорида, ба корҳои ободониву бунёдкории ин гӯшаи биҳиштии кишвар камар мебанданд. Бадахшон дарвозаи баланкўҳи Тоҷикистон буда, дар тарбияи ҷавонон аҳамияти калони таълимию таърихӣ доранд. Моён, ҷавонони бо нангу номуси кишвар, ки бо ҳукми тақдир ҳифзи табиати зебои Тоҷикистон пешаи мост, ба ҳамватанони бадахшониамон самимона муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки фирефтаи тафриқаандозии хоинони Ватан нашаванд. Бигузор Тоҷикистон мамлакати ободу зебоманзар абадӣ боқӣ бошаду мардуми шариф ва сарбаланду қавипайкари онро оламиён намунаи олии инсонӣ хонанд.Мукаддастарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзӣ фарзандии ҳар як сокини кишвар, бахусус наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дўст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Нодирҷон Ҷалолов,
устоди ДИС ДДТТ,
номзади илми иқтисод, дотсент
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди шуъбаи табъу нашри донишкада