Изҳороти кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ оид ба ҳаводиси охири Бадахшон

Ахиран бо иғвою дасисаи як гуруҳ бадхоҳони миллат дар Бадахшон тирпарронӣ ба вуқуъ омад, мардум дар назди бинои Ҳукумат тазоҳурот намуданд ва баъди суханронии Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пароканда шуданд. Имрӯз дар Бадахшон гуруҳҳое фаъолият мекунанд, ки оромии кишварро намехоҳанд ва барои онҳо сулҳу субот ва оромии кишвар арзиш надорад. Манфиатҳои шахсии худро аз ҳама ормонҳои миллӣ боло мегузоранд ва ба қадри ободию осоиштагии Ватани азизамон намерасанд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки бо мақсади таъмини  сулҳу суботи ВМКБ ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шудааст ва фаъолияти он бомаром идома дорад.

Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони бо ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳу камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст.

Доир ба иҷроиши ин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аҳли хираду тамаддунгари кишварамон,  аз ҷумла мардум ВМКБ бояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, яъне амният  мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром  ва муттаҳид бошанду бар зидди ин зуҳуроти номатлуб садо баланд кунанд.

Аммо боиси таасуф аст, ки баъзе аз ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёсӣ, паст будани сатҳи дониш ва ҳмчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд.

Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.

Аз ин рў аз тамоми мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои ин гурўҳҳои ифротгароӣ хиёнаткор яъне хоинони миллат нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри сулҳу субот ва ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу мақаддасамон кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *