ИЗҲОРОТИ ҶАВОНОНИ ДИС ДДТТ ОИД БА ВАЗЪИЯТИ ИМРӮЗАИ БАДАХШОН ВА МАҲКУМ НАМУДАНИ ГУРУҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОР

Баъди мутолиаи маводи гуногун аз шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва фаъолияти иғвогаронаи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ба хулосае омадан мумкин аст, ки то ҳол дар ҷамъияти мо ашхоси бенангу номус ба қавле гуфторҳои халқӣ «кӯрнамакон» ҳастанд. Имрӯз ин гуна ашхос ҳатто пешравии давлатро дида наметавонанд ва нистаби халқи худ суханҳои нораваро иброз мекунанд. Оё ин рафтор беинсофӣ нест? Оё чашми ин аблаҳонро сиёҳӣ нагирифтааст?

Мо, ҷавонони Тоҷикистон, набояд фирефтаи суханони шахсоне гардем, ки барои ободиву осоиштагии Ватани азизамон саҳм нагузоштаанду танҳо ғуломи нафси хоҷагони хориҷиашон гаштаанд. Маҳз дастгириву муносибати ғамхоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳон бо номи некаш муаррифӣ гардид ва имрӯз ҷавонони мо аз ҷавонони хушбахтарин ба ҳисоб мераванд.

Маҳз масъулиятишиносии ҷонфидоиҳо, аз худ гузаштаниҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба ин мамлакат сулҳ овард. Ин шахсият дар таърих, бо сифатҳои худ ба монанди ҷонфидоиҳо, азхудгузаштанҳо, ба миллати кишварамон, ки дар оташи сўзон хокистар гашта буд, ба ин мамлакат сарсабзӣ овард.

Таҷрибаи ҳаётии як нафар аз миллионҳо, мардуми тоҷик сифатҳои ў дар назди мардуми тоҷик давлат ва халқ баръало нишон медиҳад, ки фарзанди инсон ба чӣ гуна тавоноӣ, нангу номус, ва ҷонфидоиҳо қувват мебахшад. Фарзанди инсон ба чӣ гуна тавоноиҳо қодир аст.

Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, як моҳ сипарӣ шуд. Дар ташрифи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ, фаъолияти гурўҳҳои мухталифи террористӣ ва экстримистӣ, маводҳои мухаддир, ҷинояткории ба амал омада, фаъолияти Пешвои миллатро дар назди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Ҳар ҷавонони ватандўсти вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин рўзҳо барои  пешгирии ҷинояткорӣ, таслими гурўҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноятпеша, нашъаҷаллоб, ки ҳамагӣ сабабгори чунин нооромиҳо дар минтақа гардиданд, саҳми назарраси хешро гузошта, оини ватандўстӣ ва ватандории хешро дар назди халқу  Ватани азиз собит намоянд.

Мо, ҷавонони соҳибватан, вобаста ба ваъзияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори К=ьистони Бадахшон ва фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноякор ба ташвиш омада, ба тамоми мардуми Тожикистони азизамон, алалхусус ба жавонони ин минтаыа мурожиат  намуда, аз оньо хоьиш менамоем, ки зиракиро аз даст надиьанд ва ба кирдорьои номатлуб ва щайриыонунӣ даст назананд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *