ТОҶИКИСТОН АЗ МИНБАРИ СОЗМОНҲОИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ ДИҚҚАТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО БА ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН ҶАЛБ МЕНАМОЯД

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” аз 21.12.2021, шаҳри Душанбе)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 декабри соли 2021 Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд.
Зимни Паёми худ, Пешвои миллат махсусан оид ба вазъи кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунин кишвари ҳамсояи наздики мо Афғонистон таъкид карда гузаштанд: “Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.
Бояд қайд кард, ки баъд аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА аз хоки Афғонистон вазъият дар ин кишвар дар давоми моҳҳои охири соли ҷорӣ боз ҳам мураккабу ҳалокатбор гашта, боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Аз ҷумла, дар Афғонистон ҳокимиятро «Толибон» (ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви СММ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст), ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст.
Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд, ки вобата ба ин Пешвои муаззами миллат бори дигар қайд намуданд.
Баробари ин бояд қайд кард,ки дар пойтахти кишвар, шањри. Душанбе як қатор конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд, бахшида ба масъалаҳои таъмини амният ва сулҳу субот баргузор гаштанд. Аз чумла, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 майи соли 2018 дар ш. Душанбе) ва конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 майи 2019) доир гаштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (15 июни соли 2019 ш. Душанбе) ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ш. Вена 10-11 июли соли 2019 года) ба ӯҳда дошт. Ҳамчунин, солҳои 2020-2021 Тоҷикистон раисии худро дар Нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, ба ӯҳда дошт.
Бояд зикр кард, ки Президенти кишвар зимни суханронї дар Паёми навбатии хеш, бори дигар такроран қайд намуданд: “ Ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад. Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем”.
Воқеан кишвари мо ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд.Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро доир ба қазияи Афғонистон дар Паёми худ, такроран эълон намуданд, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат такроран хотирнишон намуданд, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад.
Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем. Дар ин раванд, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи Афғонистон сарҳади тӯлонӣ беш аз 1400 километр дорад ва 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Вазъи нооромӣ Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистон таъсири манфии худро мерасонад, зеро амният ва тинҷиву оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошад ва ин суханҳоро Сарвари кишвар дар асоси таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми Тоҷикистон баён карданд.

ФИРӮЗ ҲОШИМОВ,
муаллими калони
кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *