ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМО БАРОИ ҶАВОНОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд”. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Љавонон муаррификунандаи давлату кишваранд.
Тоҷикистон аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонон чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.
Пешвои муаззами миллат зимни баромади хеш ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ, дӯст доштани Ватан, ҳурмати падару модар, ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ доштан даъват намуданд, ки қобили дастгирӣ аст. Вобаста ба ин, зикр намуданд, ки “ ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо”.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд карда истодааст ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки “барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Ба ин маънӣ, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умеди калон дорад. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи мо, ҷавонон, дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад. Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо мо, ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон -Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем.
Мо бояд аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзем.
Мо, ҷавонон, бояд дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм гузорем. Мо нагузорем, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизи моро ғуборолуд сохта, барои пешравии мамлакати биҳиштосои мо монеа эҷод кунанд.

МУРОДҶОН САИДОВ,
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *