Дониёрова Мунира Муҳаммадқуловна

Дониёрова Мунира Муҳаммадқуловна 22 феврали соли 1947 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ихтисоси омӯзгори фанни биологияи Институти Давлатии Педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров хатм намудааст. Солҳои 1969-1970 ҳамчун ассистенти кафедраи физиологияи одам, факултети табиатшиносии Институти Давлатии Педагогии Ленинобод фаъолият бурдааст. Аз соли 1970 то соли 1973 аспиранти Институти зоология ва паразитологияи АФ Тоҷикистон мебошад. Солҳои 1973-1979 Ходими хурди илмии ҳамин ИЗиП ва аз соли 1970 то соли 1983 Ходими калони илмии ИЗиП. Соли 1974 номзади илми биология, соли 1984 “Ходими калони илмӣ” ( ВАК) ва соли 1991 дотсен (ВАК) мебошад. Солҳои 1983-1992 дотсенти кафедраи биологияи тиббӣ ва генетикаи Донишкадаи Давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Аз соли 1992-2001 мудири кафедраи биологияи тиббӣ ва генетикаи филиали Хуҷандии ДДТТ, соли 2010 Аълочии кооператсияи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2001 то ин ҷониб дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДИСДДТТ фаъолият мебарад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *