ТОҶИКЕ, КИ ҶАҲОНРО ТАСХИР КАРД

 

Ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ

Дар қаламрави шеъри форсӣ шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот  ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии  фалсафаву ҳикмат ва  масоили бисёри дигар бо Мавлавӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вежагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан  “Маснавӣ”-и  Мавлавӣ гирд омадааст ва  ӯро имтиёз бар  бисёре аз осори адабии дигари забони форсӣ   бахшидааст.

Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ: “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир”, ки асарҳои беназири на фақат адабиёти форсӣ , балки тамоми башарият мебошанд, шабеҳи  оинаҳое ҳастанд, ки  Мавлоно фарорӯи  одамиён  доштааст.  Он чи дар ин оинаҳои ҷаҳоннамо инъикос ёфтаанд, баёнгари ҳодисоту воқеот ва мушкилоте мебошанд, ки инсон асрҳост бо онҳо даст ба гиребон аст. Ва агар инсони асир, инсоне, ки пойбанди  қафаси тан ва тортани нафсу тамаъе гардидааст, ки тору пуди ӯро фаро гирифтааст, тавсияҳои арзишманди ин шоири андешамандро ба кор гирад, метавонад бар бисёре аз душвориҳои зиндагӣ пирӯз шавад.

Андарзҳои Мавлоно  дар саросари Маснавӣ  гоҳ ба ҷиду гоҳ даромехта бо танзу гуфторе малеҳ  хонандаро ба шигифтӣ вомедорад. Андарзҳое, ки ҳама аз дониш ва маърифати балани гӯяндаи он, аз  огоҳиву вуқуфи ӯ, ки  дар умқи зеҳни шоир шакл гирифтааст, дарак медиҳанд.

Ҷалолиддин Муҳаммад аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фикр ва фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ  устуравор  дар майдони андешаи қарнҳо  қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш забони форсиро шукӯҳу ҷалол бахшидаанд.

Пас кист Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ? Як тоҷик аз сарзамини Вахшу Балх, ки ҷаҳонро бо андешаҳову афкори созандаи худ тасарруф кардааст. Вежагиҳои ин абармарди таърих, ки аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанг ва дурахшонтарин чеҳраҳои адабиёт ва илму адёни ҷаҳонист, барои насли имрӯз дарси ибрату омӯзиш метавонад буд. Имрӯз ҳам бо гузашти асрҳо ӯ яке аз симоҳои маҳбуб ва пазируфташудаи илму адаби дунёст, ки асарҳояш серхонандатарин дар олам буда, аз ҷиҳати теъдоди чоп дар сафи нахустин қарор доранд.

Дар бораи Мавлоно хеле зиёд гуфта шудаву бузургони олам оид ба  шахсияти бузурги ӯ, асарҳои безавол ва саҳми бузургаш дар маънавиёти инсонӣ ибрози андешаҳо кардаанд. Бо вуҷуди ин мехоҳем чанд вежагии барҷастаи  симои инсонӣ ва эҷодии ин абармарди таърихро пеши назари хонанда оварем.

Вежагӣ ва хуҷастагии аввал ва фарқунандаи шахсияти Мавлоно, ки шабеҳе ба худ надорад ин аст, ки дар он замони мудҳиши муборизаҳои шадид дар байни адёну миллатҳо, байни мазҳабу ақоиди гуногун, байни лашкарҳои хунрезу кишварҳои мухталиф, хусусан хунрезиҳои шигифтангези чингизӣ, ӯ тавонист эҳтиром ва маҳбубияти хосае дар байни мардуми гуногунмазҳабу гуногунмиллат пайдо кунад. Ин далели он аст, ки ғояҳо ва таълимоти баланди инсонӣ метавонанд дар ҳама маридҳо дар ҷомеаи инсонӣ бар алайҳи ҳатто абарқудратону силоҳзӯрон пирӯзӣ ба даст оранд. Мавлоно инро бо ҳаёт ва фаъолияти худ исбот кард. Ин буд, ки новобаста ба ҳама тазодҳо дар рӯзи реҳлати Мавлоно аз паси тобути ӯ мусулмону насоро, яҳудиву бутпараст, зардуштиву дигар намояндагони адёни мухталиф бо ихлос равона буданд. Яъне ғояҳое, ки Мавлоно тарғиб мекард, баландтару қавитару дурахшонтар аз ҳама таълимоти мавҷуда буданд, ё созгор ба ҳамаи онҳо. Оё метавон чунин  хуҷастагиро дар мисоли шахсияти дигаре далел  овард? Даъватҳои Мавлоно ба ягонагиву ваҳдат имрӯз ҳам кӯҳна нашудаанд ва башариятро аз паси худ мебаранд.

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,

Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.

Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,

Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.

Он чи Мавлоноро бартарӣ додаву хуҷаста гардонидааст, ин аст, ки  барои Мавлоно мафҳуме баландар аз инсон ва мақоми ӯ вуҷуд надоштаааст. Инсон худ бартарин андеша – офаридаи Худост, бартар аз ҳама зуҳуроти дигар ва ин ягонагии кулле, ки Мавлоно дар инсон мебинад, фалсафаест, ки инсон ва мақоми ӯро болотар аз ҳама мақомҳо мегардонад.

Чӣ тадбир, эй мусулмонон, ки ман худро намедонам,

На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусулмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,

На аз мулки ироқиям, на аз хоки Хуросонам!…

Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад,

На тан бошад, на ҷон бошад, набошад ишқи ҷононам.

Ин таълимот ин фалсафаи ягонагӣ хусусан имрӯз барои инсоният, ки гирифтори ҷангу ҷидолҳои бераҳмонаи зиддиҳамдигарист, хеле аҳамиятнок аст. Фалсафаи Мавлоно пеши роҳи душмании халқҳо ва миллатҳоро мегирад. Сулҳ ва оштӣ, ин аст роҳи саодату наҷот!   Пирӯзии ин андешаро мо дар таҷрибаи  кишвари худамон, дар мавриди сулҳи тоҷикон дидаем.

Мо барои васл кардан омадем,

Не барои фасл кардан омадем.

Ё худ:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.

Вежагии дигари таълимот ва шахсияти Мавлоно дар он зуҳури дурахшон ёфтааст, ки дар ҷодаҳои расидан ба ҳақиқати кул ӯ оқибат аз баҳри тамоми роҳҳои маъмулии замон, ки аксар сурати зоҳирпарастӣ доштанд, мебигзарад ва роҳеро интихоб мекунад, ки роҳи дил аст. Яъне танҳо дил аст, ки моро фиреб намедиҳад, ба мо дурӯғ намегӯяд ва сохтакорӣ намекунад. Ва мо медонем, ки ин гардиши булаҷаб дар зиндагии ӯ самари дидору мулоқот бо файласуф ва равшванфикри замонаш Шамси Табрезӣ буд, ки ҳаёти Мавлоноро ба куллӣ дигар кард ва ӯро абадан сокини ҳарами дил гардонд.

Хуҷастагии дигари Мавлоноро дар нерӯи ботине бояд дид, ки ӯро аз ҳама қайду бандҳои худӣ раҳоӣ бахшидааст. Ҳаяҷони рӯҳонии ӯ, ишқи ӯ ба инсони комил, ваҷду самоъи ӯ ва машғулияташ бо шеър ва рақсу мусиқӣ  ӯро  қадам ба қадам аз таалуқоти худӣ ҷудо мекунад ва барои уруҷ ба лиқои Рабб омодагӣ медиҳад.

Аз бузургони гузаштаи мо шахсияте, ки бештар аз дигарон дар олами маънавӣ маҳбубият пайдо кардаву  машҳур шудааст ва имрӯз ҳам дар сафи пеши пазируфташудагон қарор дорад, бидуни шубҳа, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист.

Сухани ҷамъбастиро дар бораи ин бузургвор ва  мавқеи ӯ дар таърихи адибиётамон Мавлоно Ҷомӣ гуфтааст, ки марбут танҳо ба як асари безаволи ӯ “Маснавист”:

“Маснавӣ”-и маънавии Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон  дар забони паҳлавӣ.

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест Пайғамбар, вале дорад китоб!

Он суханвари мумтоз, донишманд ва сӯфии бузург, ки  тавонистааст “баҳрро дар кӯза” гунҷонад ва “пилла-пилла то мулоқоти Худо” ба мо роҳ кушояд, ҳамин Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист. Ду асари гаронбаҳо ва беназири ӯ “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир” ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд.

“Маснавӣ” и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  шомили он қадар дониш ва маълумотест, ки дар баробари як донишгоҳ метавонад ба хонанда таълим бидиҳад ва ҳатто бештар аз он, зеро ҳар нафаре, ки ин асари беҳамто ва безаволро мехонад, воқеан огоҳии комил аз оламу ҳаёт, аз инсону замин, аз илму адён, аз таъриху фалсафаву табиат, рӯҳияи амиқи инсонӣ, андешаҳои амиқи илмиву ирфонӣ, панду андарзу ҳикмати ҷовидонӣ, завқу маҳорати сухан ва суханварӣ…  ва ғайраву ғайра дарёб метавонад кард. “…Дар  он китоби беназир саҳафоти заррини фаровонест, ки ҷаҳиши рӯҳии Ҷалолуддин шуморо ба авҷи осмонҳо мебарад, ба дарёи пурмавҷи ишқу ҳолу бехабарӣ меандозад, вале асолати он дар баёни матолиб ва кайфияти он баён ва бузургии он дар фаровонии андеша ва гуногунии он  аст ва аз ин ҳайс  дар дунё китобе ба бузургиву ҷалолат қадри “Маснавӣ” набошад.” (Алии Даштӣ).

Асари дигари бузургу беҳамтову оламгири Мавлонои Балхӣ “Девони кабир”  дарёест беканор, ки  аз тамоми  қуллаҳои баланди илму ҳикмату маонии олам рӯдҳои саршор бар он рехта, ин дарёро шодобу саршор аз фазилат, ишқу меҳри инсонӣ гардонидаанд.

“Мисли дарёст, оромиши он зебо ва ҳаяҷони он мафтункунанда аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз кафк, пур аз бод аст. Мисли дарё рангҳои бадеъи гуногун дорад: сабз аст, обист, бунафш аст, нелуфарист. Мисли дарё оинаи осмон ва ситорагон ва маҳали таҷаллии ашъаи офтоб ва моҳ ва офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракат ва ҳаёт лабрез аст ва дар зери зоҳири сайқалӣ ва ором дунёе пур аз тапиши ҳаёт ва талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад. Девони Шамс девони шеър нест, ғавғои як дарёи пурталотуми тӯфонист. Девони Шамс инъикоси як рӯҳи ғайриором ва пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазба аст. Ӯ дар уқёнусе дасту по мезанад ва ин дасту по задан ба сурати калимоти мавзун ва хушоҳанг дармеояд. Ба қавли худи ӯ:

Ҳама ҷӯшам, ҳама мавҷам, сари дарёи ту дорам.

Нахустин хусусияте, ки аз ашъори Ҷалолуддин ба чашм мехӯрад ва ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър гӯяд, мехоҳад эҳсосоти гунг ва мубҳами худро бигӯяд” (Алии Даштӣ).

Ӯ  “гунги хобдида аст” ва хоби худро мехоҳад бигӯяд. Аммо дареғ, ки гӯши суханшунав нест.

Ман гунги хобдидаву олам тамом кар,

Ман оҷизам зи гуфтанву халқ аз шуниданаш.

Шеъри Мавлоно шеърест, ки  мисли рӯҳ ба тани инсон ворид мешавад ва ба ӯ ҷон мебахшад. Шеъре, ки  “мурдаро зинда мекунад”, ҳамин шеър аст, яъне каломи раббонист. Беҳуда нест, вақте ки дар васфи ин калом гуфтаанд:

Ҳаст “Қуръон” дар забони паҳлавӣ.

Бале чунин калом ҷон ба тани беҷон ҷон  мебахшад, чунон, ки ӯ худ гуфтааст:

Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам.

Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.

Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,

Заҳраи шер аст маро, зӯҳраи тобанда шудам…

Оё метавон ин сатрҳоро хондаву бетафриқа монд, мисли Мавлоно лабрези ҳаяҷон, эҳсосот ва муҳаббат нашуд?

Гуфт, ки девона наӣ, сокини ин хона наӣ,

Рафтаму девона шудам, силсилабанданда шудам…

Мурда будам, зинда шудам, гиря будам ханда шудам…

Биёед, шеъри Мавлоноро мехонем, бо он худро, сиришти худ, чашму дили худро сафо мебахшем, аз он нерӯ ва бовар мегирем ва бо ҳар мисраи он, чунон ки худ фармудааст “пилла-пила” ба боло, ба он олами поку мубарро  мебароем.

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!

Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,

К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!…

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!…

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,

Он ҳойҳуву наъраи мастонам орзуст!..

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малӯламу  инсонам орзӯст!

Гуфтанд: “Ёфт менашавад, ҷустаем мо!”

Гуфт: “Он ки ёфт менашавад, онам орзуст!”…

Оё ин ғазали саршор аз муҳаббати баланд ва эътиқоду умеду бовар, намои ормонҳои баланди инсонӣ шуморо аз худ бадар намеорад, ҳамармону ҳаммароми Мавлоно, ҳамқадами армонҳои баланди башарии ӯ намегардонад?!

Метавон беохир идома дод, чунон, ки амвоҷи ҳамеша дар изтиробу ҳаракат ва ноороми андешаву афкор, эҳсосоту муҳаббат ва ормонҳои бузурги инсонӣ дар ин уқёнуси беохири ашъори Мавлоно ҳаштсад сол аст, ки мавҷ мезананду инсонҳоро рӯи амвоҷи фораму дилангези худ шиновар месозанд ва ин  манзараи дилангез поён нахоҳад дошт.

Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ  ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол  ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва  пешгоми ҷомеа мебошад, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо ворисони ӯст.

 

Камол Насрулло

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *