Камол – устоди бузурги забон

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бо ҳамкории раёсат ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наверо ба унвони «Камол – устоди бузурги забон» тариқи нашриёти «Ношир» нашр намуд.

Китоб ҷилди чаҳоруми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» буда, бо кӯшиши корманди МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Фирӯза Қодирова таҳия шудааст. Дар китоби мазкур дар доираи 28 мақола паҳлӯҳои мухталифи забонии шеъри Камоли Хуҷандӣ: воҳидҳои савтӣ, лексикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, фразеологӣ ва ғ. мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Умуман мақолоти китоб бештар дар доираи ғановату назокат ва ҷолибияти забони ғазалҳои дилошӯби шоир буда, фикру андешаҳои муҳаққиқони гузаштаву ҳозираро доир ба ин падида фаро гирифтааст. Ба андешаи мо тадвини ин маҷмӯа ҷойгоҳи нопурраи доираи забоншиносии эҷодиёти шоирро мукаммал месозад. Аҳамияти маҷмӯа низ дар мушаххассозии кори минбаъдаи муҳаққиқон зоҳир мегардад, зеро зимни дастрассозӣ ва мутолиаи ин китоб бо нуктаҳои баррасиёфта ва азназарбозмондаи таҳқиқ шинос шудан имкон дорад ва дар заминаи он таҳқиқоти густардаи паҳлӯи дигари забони шоир ба миён хоҳанд омад. Бо омӯзиши мероси бозмондаи ин суханвар муайян сохтани як марҳалаи ташаккули забони форсӣ-тоҷикии мовароуннаҳрӣ имконпазир мегардад, зеро эҷодиёти хушоянди шоир далели раднопазир аз маҳорати устодонааш вобаста ба қисматҳои гуногуни забоншиносӣ мебошад.

Муҳаррири масъули китоб Нурулло Ғиёсов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муқарризон Туғрал Шокиров, доктори илмҳои филологӣ, профессор ва Гулчеҳра Аҳророва, номзади илмҳои филологӣ, дотсент мебошанд. Китоб бо дастгирии раёсати ДИС ДДТТ ба нашр расида, бо муқаддимаи директори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ Олимӣ Рауф Латифзода таҳти унвони “Фаротар аз ҳадди забон…” оғоз мегардад. Дар муқаддимаи китоб директори донишкада таъкид менамояд: “Имсол, ки дар кишвар бо ибтикору талошҳои Президенти мамлакат ду ҷашни бузурги таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад, ки яке 5500-солагии Саразми бостонӣ ва дигаре 700-солагии шоири маъруфи классикамон Камоли Хуҷандӣ мебошад. Камоли Хуҷандӣ аз зумраи шоироне ба шумор меравад, ки бо эҷоди ғазалҳои дилнишину лутфи нотакрори сухан дар радифи шоироне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Низомиву Хайём, Саъдиву Ҳофиз мақоми баланде дорад”.

Мавриди зикр аст, ки дар омода намудани китоб саҳми кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ назаррас мебошад ва мусаҳҳеҳи ин китоби пурарзиш устоди донишкада Содирхон Умаров мебошад.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *