Беҳрӯз Урунов – ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

 


Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Сармутахасиси шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ҷӯразода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон дар тамоми муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, идораву корхонаҳо, маҳаллаҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд даври аввали он  ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин давра ҳазорҳо довталабон ширкат варзида, баъди натиҷагирӣ ба даври шаҳрии он роҳхат гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки санаҳои 23-24-уми июли соли равон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд  даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 72 нафар довталабон, аз ҷумла 4 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 26 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 2 нафар  донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 33 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 нафар калонсолон ва 13 нафар намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамин тавр, Комиссияи босалоҳияти озмун иборат аз 13 нафар, дониш, малака ва маҳорати китобхонии ҳар як довталабро шаффофона санҷида, лаёқат, малака ва маҳораташонро таҳлил ва натиҷагирӣ карда, дар асоси Низомномаи  озмун тибқи номиннатсияҳои озмун ғолибонро муайян намуданд. Аз миёни довталабони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барандагони Шоҳҷоиза ва тибқи  номиннатсияҳои озмун 33 нафар ғолибон муайян гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки донишҷӯи соли чаҳоруми ДИС ДДТТ, ихтисоси молия ва қарз, гуруҳи таҳсил бо забони англисӣ Беҳрӯз Урунов дар озмуни мазкур фаъолона иштирок варзида, дар номинатсияи шоирӣ сазовори мақоми дуюм ва дипломи дараҷи дуюм гардид. Беҳрӯз асосан бо забони русӣ шеър менависад ва ҳамакнун теъдоди ашъори ӯ аз сад адад бештар мебошанд. Ашъори ӯ дар рӯзномаи “Согдийская правда” ва маҷаллаи “Помир” ба нашр расидаанд. Асосан шеърҳои лирикӣ ва фалсафӣ менависад ва дар таҳрири ашъораш муаллимаи забони русии ДДҲБСТ, ки аз пайвандонаш мебошад, дасти мадад мерасонад. Аз шоирони муосири рус ашъори Сергей Елсаковро бештар меписандаду мехонад. Ният дорад китоби ашъорашро дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр расонад.

Ба ғолибони озмун, аз ҷумла ба Беҳрӯз Урунов Диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *