ТЭТ ҲНИ: ТААСУБ ВА ИМОН МУҚОБИЛИ ҲАМДИГАР

Таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон исбот намуд, ки ҳама гуна кӯшишҳои бо роҳи зӯри бунёд намудани  давлати исломӣ сабаби  аз байн рафтани  Тоҷикистон шуда метавонад.

Дар солҳои 90–ум  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро ба фаъолияти  пардохтани ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, созмони “Растохез” ва даҳҳо созмонҳо, бӯҳрони ҳамагониро дар ҷумҳурӣ қадре ҳам паст накардааанд, балки боиси хурӯҷӣ он гардидаанд. Онҳо дар раҳна гардидани пояи давлатдорӣ, аланга додани ҷанги бародаркушӣ, гаравгонгириҳо басе фаъол буданд.

ҲНИ ҳамчун як ҳаракати ҷавонони мусулмон 20 –уми апрели соли 1973 ба таври пинҳонӣ тасис ёфта, то соли 90 бо ҳамон услуби пинҳонкорӣ амал кард. Аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳое, ки ливои демократӣ баромад мекарданд, ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ нопухтаро ба арсаи муҳорибаҳои муссалаҳона зидди сохтори конститутсинонӣ кашидаанд. Аз ҳамин сабаб Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 1993 ба ҳукми худ ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократии Тоҷикистон, ва ҷабҳаҳои халқии «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон» – ро  бо назардошти ҳамаи ҷинояту хиёнаташон хилофи қунун эълон намуда, фаъолияти онҳоро боздоштанд.

Дар ибтидои солҳои 90 – уми асри ХХ таи ду сол пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ иҷтимоии Маскав ҳамроҳи сотсиологҳои ҷумҳурӣ оиди масъалаи тарафдорони  ТТЭ ҲНИ дар ҷумҳури тадқиқот гузаронидаанд. Маълум шуд, ки ҷонибдорони ҲНИ дар Тоҷикистон дар марҳилаи  аз июни соли 1991 то ноябри 1992 аз ду то панҷ фисадро ташкил медоданд. 75 ‒ 95  фисади шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳи тараққиёти демократии дунявиро тарафдорӣ мекунанд.

Роҳбарони ҲНИ чанд фоиз будани ҷонибдоронашонро хеле хуб медонанд, вале мехоҳанд ба сари ҳокимият оянд. Дар ҳамаи ҳолатҳо мақсади ниҳоии наҳзатиён барпо намудани давлати исломист.

Давлати исломӣ бошад хоҳ – нохоҳ маҳдуд кардани озодиҳои  намояндагони дигар  маҳзабҳо ва ашхоси ба ягон мазҳаб нагаравидаро ба бар меофарад.

Лозим ба қайд аст, ки  ақидаҳои  бунёдгарона, ки наҳзатиён ҷонибдори онҳо ҳастанд, ҳеҷ гоҳ мардумро ба мақсад намерасонад, баръакс  ба нокомиҳо рӯ ба рӯ мекунад. Дур намеравем, ду давлати ҳамсояро мисол меорем: Соли 1979 инқилобӣ исломӣ дар Эрон ғалаба карда, режими шоҳиро сарнагун сохт. Аммо  то имрӯз ҳадафҳои эълом доштаи рӯҳониён  ҷомаи амал напӯшидаанд. Дар ин бобат бетартибию ҳамоишҳои мардуми Эрон зидди фасорзадагии ҳукумтдорон ва боло рафтани  нархи навои, моҳи охир Эронро фаро гирифтааст, шаҳодат медиҳад. Ё гирем, Афғонистону Покистонро. Ҳаракати толибон, ки мисли наҳзатиёни Тоҷикистон ҷонибдори исломи бунёдгаро ҳастанд, на танҳо бехатарии давлатро, балки тамоми минтақаҳоро зери суол гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусулмон ҳаст, роҳи бунёди давлати дунявиро пеша кардааст. Дар баробари ин арзишҳои исломӣ дар рушди маънавиёти кишвар, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ макоми шоистаро ишғол менамоянд.

 

Исоева Шахноза

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *