Саривақи мебошад, ки мардуми Тоҷикистон аз падидаҳои номатлуби ҲНИ бохабар гардида ин ҳизбро ҳизби ғайриқонуни амалкунанда эълон намудем. Дар таҷрибаи ҷаҳон бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарк оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби нахзати Исломии Тоҷикистон ҳаракати мардумии “Растохез ки баъди интишори қонун“ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва акқидаҳои носолими динии худро мехоҳанд ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд, аз ин ҷост ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёчҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст.
Омӯзгори ДИС ДДТТ Ахмедов К.