Мо, ҷавонон медонем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.
Чуноне, ки моддаи 8-уми Конститутсия низоми гуногунии ақоидатиро пешбини карда, муқаррар мекунад, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳое наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ этироф шавад.
Аммо фаъолияти ҲНИ дар солҳои охир нишон дод, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динӣ дошта» бисёр мушкил мебошад. Маҳз ҳамин хусусияти васеи қонунгузорӣ мавриди сўйистифодаи ошкори ҲНИ қарор гирифтааст.
Ҳизби сиёсии динӣ дар таблиғоти ҳизбии худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо ба таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи ҲНИ комилан поймол шудааст ва аз байн рафтааст. (А.Ҳаким Заволи ҳизби наҳзат. Минбари Халқ 14 октябри соли 2015. саҳ. 5.)
Муайян карда шуд, ки мақсади асосии пешвоён ва аъзои фаъоли ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда кўшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизби мазкурро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд. (ҲНИ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шуд. АМИТ «Ховар» Душанбе, 29.09.2015. Минбари халқ 30 сентябри соли 2015. саҳ- 9.)
Аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода шуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» дар тарбияи фарзанд яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи руҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд.
Ислом танҳо иборат аз ибодат нест. «Ислом ҳам дин, ҳам сиёсат, ҳам дунё ва ҳам охират аст». (Кенҷаев С. Табаддулоти Тоҷикистон, қис 1. – Душанбе 1993 – саҳ. 259)
ассисенти кафедраи
Ҷомеашиносӣ
Маҳкамова Ф.