ТЭТ ҲНИ  асоси ақидаи ифротгароӣ

Дар ибтидои солҳои 80-ум дар Тоҷикистон гурӯҳе пайдо гашт, ки дар байни мардум таблиғот бурда, одамонро ба сӯи дини Ислом “даъват” мекард. Чун сухан аз номи Ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуданд. Ин аввалин қадамҳои ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломи буд, ки дар Тоҷикистон ақидаи экстремистӣ ва террористиро паҳн менамуд. Чун Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва аз узвияти Иттиҳоди Шӯравӣ берун рафт, саркардаҳои ҳизб бо роҳбарии Абдуллоҳи Нурӣ симои воқеии худро намудор сохтанд. Дар майдонҳо гирдиҳамоиҳо оғоз шуда, бо сардории ТЭТ ҲНИ аз ҳукумат талаби истеъфо намуданд. Ба мардум гуфта мешуд, агар ҳар кас ба майдон набарояд, кофир мешавад. Одамони гумроҳ шабу рӯз дар майдонҳо иқомат намуда, шиорҳои сиёсиро тӯтивор такрор мекарданд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он масҷидҳо ба тоҷикиву ӯзбекӣ ҷудо карда шуда, мардум паси сангарҳо қарор гирифтанд ва ниҳоят хуни аввалин бегуноҳон рехта шуд. Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадум дар Тоҷикистон хуруҷ карда, ҳизби ба ном исломӣ созмон доданд, ки бо гузашти айём ҳамчун ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломи шинохта шуд.

Ин ҳамон ҳизб аст, ки солҳои навадум бо роҳбарии Абдуллоҳи Нурӣ ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлони маъсум, вайрону валангор шудани шаҳру деҳоти обод гардиданд. Ин ҳамон ҳизб аст, ки худро ҳомии дини ислом гӯён бо нидоҳои исломӣ мардумро сар мебурид, Аллоҳу акбар гӯён тир мекушод. Давлату ҳукумати Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани халқи тоҷик, баҳри сулҳу суботи ватан ҳамаи гуноҳҳои ташкилоти террористии ҲНИ-ро бахшид, ба онҳо вазифаҳои баланд дод, онҳоро парварид, аммо баъд аз гузашти бист сол ҲНИ бори дигар сар баровард. Бо роҳнамоӣ ва ҳидояти пуштибонони хориҷияш мехост, бори дигар ватани моро ба хун оғушта сохта, зимоми давлатдориро ба дасти худ гирад. Аз он ки дар натиҷа ҳазорон одамони бегуноҳ кушта мешаванд ва Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ хароб мегардад, парвое надоштанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Ҳеҷ кас онҳоро дастгирӣ накард. Зеро халқи тоҷик хоҳони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорадҲанӯз бист сол қабл маълум буд, ки ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломи лӯхтаки дасти кадом хоҷагони хориҷӣ мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ТЭТ ҲНИ бӯи хун меояд. Он солҳо ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломи ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон доранд ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амалӣ менамуд. Ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломи худро бо ҳар баҳона сафед карданӣ шуда, аз номи дини поки ислом баромад мекард. Айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои ба ном ба мо «дӯст» овораву сарсон қарор дорад. Кабирӣ аз хориҷа истода тавассути сомонаҳои интернетӣ ва баромадҳо дар ВАО ҳар қадаре метавонад Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надорад. Имрӯз Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо.

Хулоса, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқрори сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон ба ҳама талаботи ҳизбиён розӣ шуда, ба мухолифин дар ҳама сохторҳои давлатӣ вазифаҳои баланд дод. Қарор шуд, гуноҳи ҳамагон бахшида шавад, то ин ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ баромада, ба сӯи ободиву тараққиёт ва рушди босубот қадам гузорад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор доданд ва имрӯз низ он намунае аз қолабҳои созишу мусолиҳа эътироф гардидааст, зеро таърих ёд надорад, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, ки дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бо истиқрори сулҳи тоҷикон, мардум яқин карданд, ки бо ҳамин сулҳу субот фазои кишварро фаро гирифт ва дигар ҳеҷ кас наметавонад, ки дар Тоҷикистон низоъ эҷод намояд.

Айни ҳол дар хориҷ аз Тоҷикистон  ҲНИ ҳизби мамнӯъи террористӣ эълон шуда, аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва  тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд зеҳнҳоро мағшуш намояд…

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *