Вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ байни ду донишгоҳҳо

Дар доираи лоиҳаи Самтҳои стратегии баландбардории сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК, чорабинии “Баҳодиҳӣ ба сатҳи омодагии ихтисосҳои таҳсилаш бо забони англиси ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ” пешбинӣ карда шудааст. Барои ба даст овардани мақсадҳои ин қисмати лоиҳа, зарурияти ташрифи шарики хориҷӣ ташкилоти ғайритиҷоратии мустақил Агентии таъмини сифат тавассути аккредитатсияи барномаҳои омӯзишӣ AQAS ш. Кёлн, Олмон аз тарафи намояндагони ДИС ДДТТ пеш омад.
Бо ин мақсад санаҳои 10-13-уми феврали соли 2019 барои таъмини иҷроиши чорабинии асосии қисмати 3-и лоиҳа гузаронидани чорабинии омодагии ихтисосҳои таҳсил бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С. ба дафтари AQAS ба ш.Кёлни Олмон сафари хизматӣ дошт.
Рӯзи аввал бо AQAS ва кормандони он шинос шуда, барномаи сафари хизматӣ баррасӣ карда шуд. Аз тарафи кормандони AQAS Ронни Хейнтсе ва Патрик Хейнсер презентатсия оид ба пешкаш кардани кӯмаки техникӣ барои гузаронидани чорабинии омодагии ихтисосҳои таҳсил бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ омода шуд.
Мухторов С. мақсадҳо ва натиҷаҳои интизории ДИС ДДТТ ба Ронни Хейнтсе ва Патрик Хейнсер дар доираи лоиҳаи мазкур, аз он ҷумла барои Баҳодиҳӣ ба сатҳи омодагии ихтисосҳои таҳсилашон бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ дида баромада шуд.
Санаи 11.02.2020 намояндагони AQAS фарқи тартиби гузариши аккредитатсияи байналмилалии барномави бо Баҳодиҳӣ-ро гуфта гузаштанд.
Шарти тартиби омодасозии Ҳисоботи удбаҳодиҳӣ (SER) аз рӯи стандартҳо ва талаботҳои AQAS шинос шуда, дастури омодасозии Ҳисоботи худбаҳодиҳӣ пешниҳод карда шуд. Дар якҷоягӣ бо Ронни Хейнтсе ва Патрик Хейнсер 7 стандартҳои AQAS дида баромада шуда, ба саволҳои мавҷуд буда, ҷавобҳо дода шуданд. Тартиботи интихоби аъзоёни экспертӣ фаҳмонида шуд. Оид ба ташикили ташрифи аъзоёни экспертӣ ба ДИС ДДТТ барои гузаронидани омодагии ихтисосҳои таҳсил бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ, санаҳои пешниҳоди Ҳисоботи худбаҳодиҳӣ ва ташрифи экспертҳо муҳокима карда шудаанд.
Санаи 12.02.2020 ҳамроҳи сардори агентии AQAS хонума Дорис Херман вохӯри шуда гузашт ва оид ба ҳамкории ДИС ДДТТ ба агентии AQAS ва дар ояндаи наздик барои аккредитатсияи барномавӣ гузаронидани ихтсосҳои Иқтисодиёти чаҳон ва Молия ва қарз муҳокима карда шуд.
Санаи 13.02.2020 бо мақсади омодагӣ дидан барои қабули аъзоёни экспертӣ, намонядагони AQAS вохӯрӣ бо Донишгоҳи Бонн Рейн Зиег ташкил карданд. Вохӯри дар ш. Бонн шуда гузашт. Ҳамроҳи мудири шӯъбаи таъмини сифати таҳсилот Катя Клут ва Кателин Салега оид ба мавзӯъҳои Гузаронидани баҳодиҳии дохилӣ, таъмини сифати таҳсилот ва ивази таҷрибаҳои пешқадам сӯҳбат доштем. Дар охир оид ба вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ байни ду донишгоҳҳо, имкониятҳои шарикӣ дар доираи лоиҳаҳо муҳокима карда шудаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *