Интихобот – нигоҳи каҷ ва берун аз воқеияти М.Кабирӣ

Ҷумҳурии азизамон  Тоҷикистон  таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб  гардида,  яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсубёфта, имрӯз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоби навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 1 марти соли 2020 даъвати шашум баргузор гардид. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар бо хотири рушду ободонии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро тақозо мекунад.

Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки кӯшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан ТЭТ ҲНИ аз қабили чунин ниҳоти диниву мазҳабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам дар бораи тира кардани фазои оромии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили       «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Аврупо паҳну парешонанд.

Дар суҳбат доири аввалин интихобот бе ширкати ҲНИ, ки ҳолро баёнгари субот, поёни кашокашҳо ва оғози марҳалаи созандагие номидааст. Фаъолияти Ҳизби наҳзатро соли 2015 манъ карданд, чун ба гуфтаи додситонӣ ва додгоҳ раҳбаронаш дар ҳидояти ошӯби нофарҷоме даст доранд, ки моҳи сентябри ҳамон сол сурат гирифт ва даҳҳо нафарро кушт. Роҳбарони ҳизб мегӯянд, ин иддао асос надорад ва ҳукумат барои аз саҳнаи сиёсӣ рондани Ҳизби наҳзати исломӣ онҳоро ба ин ҷиноят муттаҳам кардаанд.

Посухи Муҳиддин Кабирӣ барои Радиои озод: “Агар ҳадафи мо ёдрас кардан аз худ мебуд, мо метавонистем, бо баёнияи дигар, яъне бо баёнияи таҳрими интихобот аз худ дарак бидиҳем. Ин мавзӯъро дар Паймони миллии Тоҷикистон хеле тӯлонӣ баҳсу баррасӣ кардем. Ҳама паҳлӯҳоро дидем, аз он ҷумла ин ҳам пешбинӣ мешуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсус бахши идеологӣ ва таблиғотиаш инро ҳамчун як машруият бахшидан ба интихоботи худ медонанд. Кам набуданд дар дохили паймон касоне ҳам, ки мухолифи чунин мавқеъгирии мо буданд. Аз он ҷумла худи ман дар ибтидо бар он будам, ки мо ба интихобот ҳеҷ таваҷҷӯҳе накунем, чун интихобот шаффоф ва демократӣ нест. Аммо баъд Ҳизби сотсиал-демократ вориди интихобот шуд ва он ҷасоратро кард. Агарчӣ ҳама медонем, ҳам мо, ҳам Ҳизби сотсиал-демократ, ки ин интихобот шаффоф намегузарад, мо як равзанаи кӯчакро хостем истифода кунем, барои онки мардумро боз баргардонем ба ин фикр, ки ягона роҳи мусолиҳатомези тағйири вазъият ин бояд аз тариқи интихоботҳо бошад. Агарчӣ интихоботҳо ғайридемократӣ мегузаранд, мо бояд камтарин имкониятро ҳам истифода барем. Ҳадафи дуюм, ки мо чаро чунин тасмим гирифтем, ин пуштибонӣ аз Ҳизби сотсиал-демократ аст, ки дар чунин шароити душвор ҷуръат карданд, аз худ ҷасорат нишон доданд ва ман фикр мекунам, ҳайф мебуд, ки оппозитсиюни хориҷ аз ин ҷасорат ва аз ин шуҷоати Ҳизби сотсиал-демократ пуштибонӣ намекард. Бинобар ҳамин ин тасмими мо, тасмими огоҳона буд ва мо интизори ин гуна қазоват ва баҳодиро аз тарафи рақибони худ дорем.”

Роҳбари ташкилоти террристиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ доир ба маръакаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки баргузор гашт, як нигоҳи каҷ ва берун аз воқеиятро иброз кард. Ҳеҷ як террорист ва тафриқаандоз ҳаққу ҳуқуқи мудохила намудан, хосатан дахолати лафзиро ба ҳаёти мардуму кишвар надорад.

Агар Муҳиддин Кабирӣ назари шахсии худро медошт, мо ба ӯ ҷавоби хос медодем, ки гӯё интихобот “поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст.” Кабириву ҳизбаш чӣ арзише доштанду доранд, ки боз ба интихоботи Тоҷикистон дахолат намудаву “баёнияи таҳрими интихобот” медодаанд. Ин сухан на ба ақл рост меояд, на бо дарбеҳ кардан соҳиби мантиқ мешавад.

Ҳамин оғои Кабирӣ замоне аз худ “фатво” бароварда гуфт, ки дар сиёсат “риё ҷоиз аст”. Аммо имрӯз ин гуфтаҳояшро ҷомаи дигар мепӯшонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки роҳбарият ва ҳайати ҳизби терристиву экстремистии наҳзати исломӣ мехоҳанд, ки ба мафкураи ҳамватанон, махсусан ҷавонон бо бозиҳои ноадолатона ва риёкорона таъсири манфӣ расонида бо мақсаду мароми нопокашон, ки куштор, таҷовуз, дуздӣ ва ба хоку хун дигарбора оғушта намудани Тоҷикистон ва мардуми он аст, пиёда сохта бошанд. Ин аст, ки ба ҳаёти сиёсии мардум дахолат мекунанд ва ҳақиқатро дурӯғ ва дурӯғро ҳақиқат нишон додан мехоҳанд!..

Хулоса, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор,  ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд.

Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *