Терроризму экстремизим падидаҳои номатлуб буда, мутаассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Мо ҳама хуб медонем ва борҳо зимни суханронии хеш Асосгузори сулҳу Ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардиданд, ки террорист дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад. Воқеан афроди фирефта ва гумроҳгашта даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегарданд, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои хешро пиёда созанд. Масалан гурўҳи экстремистию террористии дар ҷаҳон эътирофшудаи ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон пурра ҳокимиятро ба даст оварда, мувофиқи талаботҳои худ мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рў ба таназзул мебаранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Бе ягон сабаб духтарону занон аз хона баромада наметавонанд, ҳуқуқи донишандўзӣ дар мактаб ва идомаи таҳсилро дар донишкададҳо надоранд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ин роҳи пурдаҳшат ба ҳадаф расид? Албатта, не! Имрўзҳо дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Масалан дар Афғонистон солҳои охир бештар амалҳои террористӣ содир шудаанд. Танҳо дар моҳи октябри соли 2021 дар ин кишвар 5 амалҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла:
– санаи 3 октябри соли равон дар масҷиди Идгоҳи Кобул;
– 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд;
-15 октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд;
-20 октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод;
– 22 октябри соли равон бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Қобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд.
Ин маълумот собит менамояд, ки воқеан имруз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Тибқи маълумотҳо дар Афғонистон имрўз 20 гурўҳи террористӣ фаъолият дорад ва дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад.
Бо дарназардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ имрўз моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳон дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дошта бар зидди падидаҳои падидаҳои ҷаҳони муосир муборизаи беамон барем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил
Ф. ҒАФУРОВА,
ассистенти кафедраи молия ва қарз