ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ вобаста ба “номаи боз”-и Зафари Сӯфӣ доир ба афроди ҷиноятпеша Муҳаммадбоқир

Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳороти хеш қайд менамоем, ки афроде бо номи Зафари Сӯфӣ вобаста ба яке аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Хоруғи боло Муҳаммадбоқир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо “номаи боз”-аш воқеияти ҳолро дуруст дарк накарда, бо суханҳои тафриқаандозиаш фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира ва мардумро ба по хезонанд кушиш дорад.
Барои равшани андохтан ба масоиле , ки Зафар Сӯфи зимни номаш афроди ҷиноятпеша Муҳаммадиқболро пуштибонӣ намудааст, ёдовар шудан бамаврид аст. Барои маълумот таъкидан ба афроди ноогоҳ, гуфтанием, ки саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, бо таҳрифи ҳодисаҳо мехостанд ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳанд.
Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад.Вақт довар асту таърих гувоҳ, ки воқеан муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ мақсадҳои нопок ва амалҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ошкору тасдиқ шуда, ниҳоят он қотеъона маҳкум карда шудан. Баробари ин сардори раёсати маорифи ВМКБ, зимни муроҷиати хеш вобаста ба қазияи лату кӯб шуданаш аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Хоруғу боло Мухаммадбоқир бо далели амиқ тавассути барномаи телевизионии маҳаллӣ ошкоро баён гардид.Аз ин далели амиқ боз ягон шарҳу эзоҳ набояд бошад. Қонун барои ҳама як аст – ҳар кӣ гунаҳгор бошад, дар назди он ҷавоб мегӯяд Ҷинояткор бояд ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоне, ки ба ин кор машғуланд оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Боз такрор шавад ҳам қайд менамоем,ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ниҳоят ҳақиқат ғолиб меояд. Баробари ин дар интиҳои изҳороти хеш ба Зафар Сӯфӣ хотиррасон кард, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед, эй бадхоҳи миллат!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *