ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ УМУМИБАШАРӢ

Бӯҳронҳои иқтисодию сиёсӣ дар садаи нав боиси тезу тунд гардидани муносибатҳои мамлакатҳои ҷаҳон гардида, дар ин миён ба пайдоши ва ривоҷу равнақи падидаҳои номатлуби замон, ба амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм боис гардида, равобит ва оромию осоиштагии кишварҳоро халалдор сохта, ба амнияти онҳо таҳдидҳо эҷод менамояд. Умуман он ба хатари умумибашарӣ табдил ёфтааст. Дар ин ақсо таъмини оромиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии кишвар, вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар роҳбарият ва шаҳрвандони он ба шумор рафта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, то дар ин масъала худогоҳ ва зирак бошанд.
Терроризм вожаи асри нав набуда, балки дар садаи қабли арзи ҳастӣ намуда, фаъолияти он аксаран барои иҷрои супоришоти субъектҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шуда буд ва дар акси ҳол, дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуд, ки асосан бо воситаи зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлат, ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.
Пинҳон нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо вазъи баъзе манотиқи курраи замин, махсусан кишварҳои исломӣ, ба мисоли Афғонистон ба таври куллӣ тағйирёфта, ҷангу хунрезиҳо имрўзҳо мушоҳида карда мешавад .
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд. Аксар гурӯҳҳои террористӣ ва равияҳои ифротӣ бо номи ДИИШ, Ал-қоида, Ҳизб- ут-таҳрир”, “Ихвону-л-муслимин” ва амсоли инҳо, барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд. Доир ба мафҳумҳои зикршуда, Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо дар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид намудаанд.
Хулоса, терроризми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он, мутаассифона, натанҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд.Зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гаштааст. Вале, ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб ва ҳаракат соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, куштору ғорат наметавонад давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикастхурии он гардида метавонад. Дар ин маврид, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавем: мубориза бо терроризм ва экстримизм фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад, таъкид намудаанд, хело бомаврид буда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.
АЛИЕВ А.Р., омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *