Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.
Гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ бо роњи сиёсикунонии дин бадкунии давлатдории дунявии демократӣ ва динро парчами худ намуда, дар давлатњои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Бо баробари ин бояд ќайд кард,ки гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд.Чунончї, ТТЭ ЊНИ низоми давлатдории миллиро одатан хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад.
Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлњо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлатӣ дунявию демократӣ метавонад динро тараққї дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.
Ҷумаев Аскар Қаюмович, сармуаллими
кафедраи гумрук ва молшиносии ДИС ДДТТ