Аввалҳои соли 90-ум ТТЭ ҲНИ бо фармоиши хоҷагонашон маҳз ҷанги шаҳрвандиро оғоз карданд. Аввалин кори наҳзат ин гаравгонгирии вакилони мардумӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мардуми осоишта буд. ТТЭ ҲНИ дар таҳхонаи театр зиндони худро ташкил дода, маҳз дар ҳамонҷо «ҳукми одилонаи» худро мебароварданд.
Ин шахсон имрӯз бо ҳар гуна роҳу восита мекӯшанд, бо дасисабозиҳо мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи ороми кишварамонро ноором гардонанд. Ононе, ки ба ингуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ шомил мешаванд, инсонҳое мебошанд, ки аз ҳадафҳои муғризонаи ин гурӯҳи ифротгаро ноогоҳанд. Чунин инсонҳо фирефта ва гумроҳ мегарданд, вале оқибат, албатта пушаймон мешаванд. Бинобар ин, имрӯз мардуми диёрамон баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд доранд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи чунин сарзамин, давлатдорӣ карда, дарк намудаанд, ки давлат барои ҳар як инсон ва шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст.
Ахмедова А.Ю.
Ассистенти кафедраи молшиносӣ ва
фаъолияти гумрукии ДИС ДД ТТ