АҚИДАҲОИ ҒАРАЗӢ ИФРОТГАРОНАИ ДИНИИ ҲНИ

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳар кӣ силоҳ дар даст дошт, худро шоҳ медонист ва ба аҳли илму маърифат таҳдид мекард Имрўз на ҳама медонанд, ки сабабгори сар задани ҷанги дохилии мо маҳз фаъолияти ифроткоронаи ҳизбу ҳаракатҳои диниву миллӣ буд. Дар иртибот ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки рафтори яке аз амалҳои рӯйпӯшкардашудаи ифротгарона ба мисоли ҲНИ аст, ки бо баҳонаи ҷонибдорӣ аз дини ислом ва хомии демократия худро намоён сохта, ба манфиати нопокаш мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамояд. Чунончӣ, мо ҳама бо чашми худ дидем, ки чӣ гуна ҲНИ дар симои генерал Ҳалим Назарзода ҳамлаи мусаллаҳона ба ниҳодҳои ҳукуматӣ намуда, кўшиши табаддулоти давлатӣ карданд. Нерўҳои амниятии кишвар пас аз саркўб кардани онҳо тамоми нақшаҳои сиёҳи ҳизби сияҳкорро ошкор намуданд. Ҳоло низ ин хоинони давлату миллат ба хориҷа фирор карда, бо идеяҳои пучу подарҳавои худ номи давлати тоҷиконро сиёҳ кардан мехоҳанд.
Мо ватандорон, набояд фаромўш кунем, ки душман метавонад ҳар лаҳза бо амали нангини худ сулҳу осоиштагии ватанамонро халалдор созад. Аз ин лиҳоз, имрўз ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, нагузоранд, ки ягон ақидаи нохалаф фазои тинҷу ороми Ватани моро тира созад.

Ҷумаев Аскар Қаюмович, сармуаллими
кафедраи гумрук ва молшиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *