Терроризм ва ҷиноятҳои ба он мусоидаткунанда  

Гурўҳи террористӣ – шахсоне мебошанд, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд.

Террорист – шахсе, дониста мешавад, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд.

Ташкилоти террористӣ – ташкилоте мебошад, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Инчунин, ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом диҳад.

Объекти бевоситаи ҷинояти терроризмро амнияти ҷамъиятӣ ташкил медиҳад.

Терроризм танҳо бо роҳи кирдорҳое, ки бо ду шакл ифода меёбанд, содир мегардад; а) амали террористӣ, б) таҳдиди содир намудани амали террористӣ.

Амали террористӣ – бевосита дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, сахттаъсир, заҳролуд, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо, сўиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон мегарданд, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вуҷуд омадани дигар оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок ифода меёбад.

Таҳдид – ин мақсади дар шакли маъмулӣ ифодагардидаи содир намудани амали террористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад. Яъне паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро дорад. (Масалан, фармоиш барои ба даст овардани воситаҳои таркишу хатарноки биологӣ ва радиоактивӣ ё силоҳ, содир намудани таркиш ё сўхторҳои «огоҳикунанда», тайёрӣ барои аз кор баровардани объектҳои стратегии ҳаётан муҳим ё ин ки вайрон кардани ҷараёни технологӣ, муҳосира кардани робитаҳои нақлиётӣ ва ғайраҳо).

Содир намудани таркиш, сўхтор ё дигар кирдорҳои ба ҳамин монанд дар он ҳолат ҷавобгарии ҷиноятиро ба вуҷуд меорад, ки агар кирдорҳои мазкур дорои хусусияти ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳимаи аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани дигар оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок гардида бошанд.

Зери мафҳуми ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳимаи аҳолӣ кирдорҳое фаҳмида мешаванд, ки тибқи хусусияти худ метавонанд боиси ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима байни аҳолӣ барои ҳаёт ва саломатӣ, бехатарии наздикони худ, нигоҳдории молу мулк ва ғайра, гарданд.

Таҳти мафҳуми дигар кирдоре, ки боиси ба миён овардани ҳиссиёти тарсу воҳимаи аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани дигар оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ҳамагуна кирдорҳое фаҳмида мешаванд, ки оқибатҳои ба вуҷуд меомадаашон ба таркиш ё сўхтор баробар аст. (Масалан, ташкил намудани садама дар объектҳои стратегии ҳаётан муҳим, вайрон намудани коммуникатсияи нақлиётӣ, заҳролудкунии сарчашмаҳои таъминоти оби нўшокӣ ва маводи хўрокворӣ, паҳн намудани микробҳои сироятие, ки эпидемия ва эпизоотияро ба вуҷуд меоваранд, заҳролудкунии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар заҳролудкунии маҳалҳо, ҳуҷуми мусаллаҳона ба нуқтаҳои аҳолинишин, тирпарронии манзилҳои истиқоматӣ, мактаб, беморхонаҳо, биноҳои маъмурӣ, мавқеи хизматчиёни ҳарбӣ ё кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасб ё несту нобуд кардани биноҳо, вокзалҳо, бандарҳо, иншоотҳои фарҳангӣ ё динӣ) ва ғайра.

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *