Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамсоя кишвари мо – Ӯзбекистон дар ҳоли густариш қарор дорад. Хушбахтона, бо имзои чандин созишномаҳои муҳими давлатӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибати ҳар ду кишвар дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар ҳама самтҳо робитаҳо мустаҳакамтар гардиданд. Аз ҷумла, байни мактабҳои олии ҳар ду кишвар муносибатҳо ба роҳ монда шуда, барои ҳамкории судманд ва табодули андешаҳо шартномаҳо ба имзо расиданд.

Санаи 27 апрел дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Намонядагии Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар шаҳри Тошканд бо сарварии ноиб-ректори якуми донишгоҳ оид ба таълим ҷаноби Алан Франс ва ҳамкорон аз шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ хонум Гулнора Мирзолиева, аз шӯъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷа хонум Наргиза Исломова ва ёвари ректор Татъяна Кукина ба ДИС ДДТТ ташриф оварданд. Ҷаноби Алан Франс салом ва арзи сипоси ректори Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар шаҳри Тошканд д.и.и., профессор Комилҷон Каримовро ба директори донишкада н.и.и., дотсент Олими Рауф Латифзода расонид.

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз синфхонаи интернет, китобхонаи электронӣ, марказҳои забономӯзӣ, синфхонаҳои лингофонӣ дидан карда, ба пояи моддию техникии донишкада баҳои баланд доданд. Онҳо бо донишҷӯёни гуруҳҳои англисӣ саволу ҷавоб карда, аз сатҳи забондониашон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Баъдан дар толори донишкада мулоқоти судманди намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ташрифи меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, перомуни густариши робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳар ду кишвар ибрози назар кард.

Сипас дар мизи мудаввар меҳмонон бо намояндагони донишкада, дар ҳайати муовинони директор: оид ба робитаҳои байналмилалӣ д.и.и., профессор Аминов И., оид ба таълим н.и.и., дотсент Қаюмов А., оид ба илм д.и.и., профессор Ризоқулов Т. ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С. гуфтушунид гузаронида, самтҳои афзалиятнокро барои ҳамкории дуҷониба муайян намуданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар соҳаи илму таълим, ивази таҷриба, рафту омади омӯзгорону донишҷӯён ва дар доираи барномаҳои байналмилалии грантӣ, ба монанди Эрасмус+ дар лоиҳаи муштарак минбаъд ҳамкорӣ намоянд. Мизи мудаввар бо бастани созишномаи ҳамкории тарафайн ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *