Мардуми Тоҷикистон ба  ҳизбу гуруҳои ифротгаро ниёз надоранд!

Дар рӯзҳои охир мардум огоҳанд, ки ҳизби наҳзати ислом тайи чанд сол лиқои қалбакии худро пӯшида мардумфиребиро шуғл карда буд. Рукнҳои дини мубини исломро др шакли ғалат тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепӯшиданд.

Вале имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ягон қадре ҳам  саҳме нагузоштааст, ки инро вақт исбот намуд.

Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ агар назар афканем мушоҳида мешавад, ки касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхт. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл расонид ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр ҳамчун саги девона умр ба сар бурда истодааст.

Аз фаъолияти ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.

ҲНИТ хизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд.

Таҳлили авзои нигаронкунандаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, ки дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қврор дошт, бесабаб нест. Зеро, оқибатҳои фоҷиабори инқилобҳои ранга дар як қатор мамолики араб  ба дигар давлатҳо бетаъсир набуда, теъдоди зиёди ҷавонони гумроҳро, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба доми худ кашид.

Ин навбат инз Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои истиқрори сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии Афғонистон ва рушди иҷтисоди ин кишвар иқдом намоянд. Он кас  қайд намуданд, ки амнияти мамлакат аз амнияти сарҳадҳо вобаста аст.

Мардуми Тоҷикистон ба ин ҳизби наҳзати ифротгар ва дигар ташкилотҳо  ниёзмандие надорад.

Мусаллам аст, ки ҷомеа ва кишваре, ки насли наврас ва ҷавононашон аз тарбияи муттассил дар каноранд, ояндаи хуб надорад ва ҳамеша бо муноқишоту ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мебошад ва моро зарур аст, ки аз ин бешарафони бадтинат дурӣ ҷуста нагузорем, ки фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд кунанд, ба ҷомеаи орому солими мо зарар нарасонанд.

Кафедраи забонҳои

 хориҷии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *